20 Октябр 2014
Ӯ ба ҳозирин маълум сохт, ки дар ҷаласа ду масъала, нахуст, дар бораи рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сонӣ, татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016» мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор мегирад.
Аз рӯи масъалаи якум Мирзоқосим Каримов, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр маълумот дода, аз ҷумла зикр кард, ки яке аз рӯзҳои фархундаву тақдирсозе, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, санаи 6-уми ноябр аст. Зеро маҳз дар ҳамин сана соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашни мубораку муқаддас-20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Дар конститутсия мақсаду мароми халқи Тоҷикистон доир ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ифода шуда, ҳамчунин дигар арзишҳои демократӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, эътиқод ва дигар арзишхо ҳамаҷониба инъикос гардидаанд. Ин ҳуҷчати сарнавиштсоз дастоварди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар он муқаддасоти миллӣ, андешаҳои давлатдории миллӣ ифодаи возеҳи худро ёфтаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.04.2014) таъкид намудаанд: «Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлоли давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷчати тақдирсоз сарчашма мегирад».
Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.
Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр баҳри омодагӣ ва рафти иҷрои қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи таҷлили 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақша-чорабинӣ омода намуд ва мутобиқи он амал кард. Ташкили мулоқоту вохӯриҳо, конференсияҳо, корҳои ободонӣ дар кӯчаю маҳалҳо, оро додани кӯчаҳо бо шиору овезаҳои ҷашнӣ, нашри мавод оид ба аҳамияти таърихии Конститутсия дар нашрияҳри даврӣ, радио ва телевизион, Рӯзи ягонаи ахбор, озмуни иншои беҳтарин, мусобиқаҳои варзишӣ, таҷлили пуршукуҳи ҷашни 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ҳама дар партави ин санаи муборак барпо карда шуд.
Ҳамчунин барои истиқболи ин санаи тақдирсоз дар қаламрави шаҳр зиёда аз 7775 ҷои корӣ таъсис дода шуд, ки аз он 880 ҷой ба корхонаҳо ва муассисаҳо тааллуқ дошта, 6895 нафар бо патент ва шаҳодатнома фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва дастгирии моддии оилаҳои камбизоат ва ниёзманд дар қаламрави шаҳр зиёда аз 120 нафар оилаҳои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, камбизоат, маъюбон мавриди аёдат қарор дода шуда, ба 30 нафар шахсони ниёзманд аробачаи маъюбӣ супорида шуд.
Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯз сокинони кишвар дар фазои сулҳу осоиш ва тинҷию амонӣ умр ба сар мебараду дар рушду нумӯи кишвари азизамон, эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ, ки рукни асосии давлатдории Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол аст, саҳм мегирем. Чунин кафолатро ба мо Конститутсия – бахтномаи миллат додааст.
Ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни солгарди Конститутсия дар ҷомеаҳои меҳнатии корхонаю муассисаҳои шаҳр нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи он як қатор корҳои назаррас ба иҷро расиданд.
Вобаста ба он мақолаҳои илмиву оммавӣ, рисолаю монографияҳои олимон, устодон, кормандону муҳассилини донишгоҳҳо дар газетаҳои «Ҷумҳурият», «Ҳақиқати Суғд», «Тирози ҷаҳон» ба табъ расидаанд.
Намоиши аксҳои ҷавонони соҳибистеъдод дар мавзӯи «Нигоҳи дирӯзу имрӯз» бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 20 – солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Арт–галереяи Сомониён» доир гардид. Дар он аксбардорони ҷавон маҳсули эҷоди худро ба намоиш гузоштанд.
Корҳои иҷрошуда дар самти ба мардум дастрас кардани бобу моддаҳои Сарқонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мувофиқи нақша аст,-ба ҷои хулоса гуфт Мирзоқосим Каримов.
Раиси шаҳр ва Наим Маликисломов, Раиси ҳизби кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ба маърузачӣ савол ва пешниҳоди онро карданд, ки қонун бояд ҳарчи дастрастар бошад ва моддаҳо бештар ба мардум маънидод карда шаванд.
Аз рӯи масъалаи дуввум, Саидмухтор Ҷалолов, мудири шӯъбаи маорифи шаҳр сухан кард. Мавсуф зикр намуд, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳр 2162 омӯзгор фаъолият дорад, аз ин шумор 2046 нафар бо тахассуси олӣ ва 116 нафар бо маълумоти миёнаи махсус фаъолият дорад. Фақат дар соли хониши 2014-2015 ба муассисаҳои таълимӣ 52 нафар мутахассиси ҷавон ҷалб гардид ва ин раванд идома дорад.
Наим Маликисломов ба кори омӯзгорӣ ҷалб намудани мардонро тақозо кард, зеро-афзуд у,- омузгор- муаллима низ мисли модар мехрубон аст ва дар тарбияи писарон махз таъсири мардон ахамияти хоса дорад.
-Рохи хавасманд кардани омузгор-мардонро низ андеша бояд кард,-гуфт раиси шаҳр.
Мубин Маҳмудов, котиби хизбу коммунисти шахр,-изхор кард, ки пас аз хатми донишкадаи политехники баъзе мутахассисон ба касби омузгори мепардозанд, ин хуб аст, аммо азбаски педагогикаро наомухтаанд, кор бо шогирдон барояшон гарони мекунад.
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки барнома қабул мегардад ва иҷроишаш бар ӯҳдаи мову шумо мутахассисон аст, бояд сатҳу сифати таълим ва тарбияро баланд бардошта, мутахассисони варзидаи омӯзгорӣ тайёр намоем, то фардо ба онҳо такя карда тавонем.
Бо ифодаи дигар нуктаи назар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд ба кори худ хотима бахшид.