16 Февраль 2023
Наҷмиддинзода Гулчеҳрахон 15-уми апрели соли 1967 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1990 Филиали Институти политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Ленинобод бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм намудааст. Солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурда, аз солҳои 1990 то 1991 устои сехи Иттиҳодияи истеҳсолоти «Хуҷандатлас» фаъолият намудааст.
Аз солҳои 1991 то 1995 муҳандиси шуъбаи меҳнат музди меҳнат «Хуҷандатлас» фаъолият намудааст. Аз солҳои 1995 то 1998 муҳандис технолог дар фирмаи истеҳсолии «Бародар» назди Иттиҳодияи истеҳсолотии «Хуҷандатлас» фаъолият намудааст. Аз солҳои 1998 то 2001 мутахассиси шуъбаи саноатии мақомоти иҷроияи ҳукумати давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Аз солҳои 2001 то 2003 мутахассиси дараҷаи 1-ум, мутахассиси барандаи шуъбаи ҳукумати захираҳои меҳнати Сарраесати Агентии давлатии хифзи ичтимои, мехнат ва шугли ахоли дар вилояти Сугд фаъолият намудааст. Аз солҳои 2003 то 2012 Сардори шуъбаи касбомӯзон ва самтдории касбии Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолии дар вилояти Суғд фаъолият намудааст. Аз солҳои 2012 то 2015 мутахассиси шуъбаи тиҷорат ва хизматрасониҳои ғайри молиявии Ташкилоти ҷамъияти саҳомии пӯшидаи амонаии қарзии хурди «Имон интернешнл» фаъолият намудааст.
Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 29 сентябри соли 2015 ба мансаби сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.