(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд 51 мактаб, аз он ҷумла 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсей, 4 гимназия, 15 мактаби хусусӣ, 1 мактаб интернати давлатӣ барои кўдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, 1 комплекс кўдакистон-мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино ва Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият намуд.

Шумораи хонандагони синфи 1 - 4404 нафар (2049 нафар духтарон) мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр 45396  нафар хонандагон (21244 нафар духтарон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва 2603 нафар омўзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2308  нафарашон  занҳо мебошанд.

Дар ин давра  муассисаи таълимии  Мактаби Россия - Тоҷикистон, МТМУ ба номи А.П.Чехов сохта ба истифода дода шуд. Муассисаи таҳсилоти томактабии №18 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 аз нав сохта ва барқарор шуда, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд, ки мушкилоти соҳаи маориф аз қабили бунёду аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ баровардани муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ, таъмини онҳо бо мутахассисон, ашёву таҷҳизоти хониш, кабинетҳои фаннӣ, тахтаҳои электронӣ, сохтмону барқарорсозии дегхонаҳои гармидиҳӣ, муассисаҳои томактабии хусусӣ, инчунин ба таҳсил  фаро гирифтани онҳо қисман ҳалли худро ёфт.

Бахшида ба Рўзи байналмиллалии ҳифзи кўдакон барои кўдакони ятиму маъюбон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, саховатмандон ва сарпарастон дастархони идона ташкил карда шуд.

Дар 39 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва дар 11 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ  дегхонаҳои гармидиҳӣ мавҷуданд.

Бояд қайд кард, ки давоми 5 сол тибқи  «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2018-2022» - 766 адад компютер харидорӣ карда мешуд. Дар соли 2022 бошад, харидории 154 адад компютер ва 13 адад тахтаи электронӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2022 бошад, 206 адад компютер (134,0%)  ва 68 адад тахтаи электронӣ (523,0%) харидорӣ карда шуд ва 23 муассисаи таълимӣ бо китобхонаи электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Айни замон, дар муассисаҳои  таълимӣ 78 синфхонаҳои компютерӣ, 1990 адад компютер, 306 адад принтер, проектор 348 адад ва тахтаи электронӣ  283 адад мавҷуд буда,, хамаи синфхонаҳо ба шабакаи Интернет ва шабакаи дохилӣ  пайваст карда шудаанд.

Ҷиҳати баланд бардоштани  савияи дониши  техникии мутахассисон ва омўзгорон дар давоми соли 2022 курсҳои даҳрўза барои 927 нафар  омўзгорони муассисаҳои таълимӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Мувофиқи нақшаи солона дар соли 2022 бояд 393 нафар омўзгорон савияи дониши худро баланд бардоранд ва то имрўз  493 нафар кормандони соҳаи маориф, савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки ин ба ҳисоби миёна 125,0 фоизи нақшаи  солонаро ташкил медиҳад. Таҷрибаи пешқадами  педагогии  36 нафар муаллимони мактабҳо, дастурҳои методии  64 нафар омўзгорон омўхта ва паҳн карда шуданд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, муайян намудани дараҷаи тахассус ва маҳорати касбии кормандони муассисаҳои таълимӣ  тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон кормандони соҳаи маориф ҳар 3 сол як маротиба аз аттестатсия  гузаронида мешаванд. Айни замон 834 нафар омўзгорону мураббиёни муассисаҳои таълимӣ тибқи ҷадвал аз аттестатсияи навбатӣ гузаштанд.

Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаи маориф дар давоми соли 2022–104  нафар омўзгорон, аз он ҷумла 61 нафар ба осоишгоҳи «Соҳил», 72 нафар ба осоишгоҳи «Шифо», 8 нафар ба осоишгоҳи «Усмонхўҷа» ва 1 нафар ба осоишгоҳи “Баҳористон”, осоишгоҳи “Авессити Истаравшан”-2 нафар, “Уротеппа” -1 нафар роҳхат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд. Барои аёдати 81 нафар собиқадорони соҳа ба маблағи 11319 сомонӣ равона гардида, омўзгорону мураббиёни пешқадам бо Ифтихорномаҳои соҳавӣ  ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳр бинои алоҳидаро, ки дар тавозуни МТМУ №14 мебошад, ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҷудо карда шуд. Мувофиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷот барои соли 2022 ба Марказ 85 ҳазору 460 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар назди Марказ 25 маҳфили фаннӣ ва 2 маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ ташкил карда шудааст, ки ба он 284 нафар хонанда, ба махфилҳои фарҳангӣ-маърифатӣ 24 нафар, ҷалб гардидааст. Махфилҳои забони русӣ, физика, химия, забони англисӣ, география, биология ва технологияи иттилоотӣ дар Марказ баргузор мегардад. Ба ин махфилҳо 276 нафар хонандагон ҷалб гардиданд. Дар даври ҳисоботи дар муассисаҳои таълимӣ 220 махфилҳои фаннӣ ташкил шудаанд, ки ба он  2640 нафар хонандагон ва ба 80 маҳфилҳои фарҳангӣ-варзишӣ 2212 нафар ҷалб гардидаанд.

Барои зуд дастрас гардидани маводҳо, барқияҳо ва хабарҳо байни  масъулин оид ба ҳаракати олимпии муассисаҳои таълимӣ гурўҳи алоҳида дар «Viber» таъсис дода шудааст. МДРИ шаҳр бо шабакаи умумиҷаҳонии ИНТЕРНЕТ пайваст буда, почтаи электронӣ (email: Данный адрес e-mail защищен от спам-ботов, Вам необходимо включить Javascript для его просмотра. ) фаъол аст. Дар хотираи компютери марказ натиҷаҳои олимпиадаҳои фаннии хонандагон, чорабинӣ ва мусобиқаю озмунҳо  маҳфуз аст. Бо роҳбарони махфилҳои Марказ гурўҳи алоҳида дар «Viber» таъсис дода шудааст, ки дар он рафти машғулияти махфилҳо, маводҳо ва ғайра дарҷ мегардад.

Боиси зикр аст, ки ҳамагӣ дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии вилоятӣ барои синфҳои 5-11-ум 86 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки аз он ҷойи 1- 31 нафар; ҷойи 2-25 нафар; ҷойи 3- 30 нафар  шуданд.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11-ум, олимпиадаи ҷумҳурявии даставӣ барои синфҳои 9-10, олимпиадаи ҷумҳуриявии наврасон аз фанҳои табии-риёзӣ ва ҷамиятӣ-гуманитарӣ барои синфҳои 5-6 ва 7-8, ки дар шаҳри Душанбе ва Ҳисор баргузор  гардид, 204 нафар хонандагон иштирок намуданд. Ҳамагӣ дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии ҷумҳуриявӣ барои синфҳои 5-11-ум 116 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки аз он  ҷойи 1-20 нафар; ҷойи 2-25 нафар; ҷойи 3- 71 нафар  шуданд.

Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ, фосилавӣ дар соли таҳсили 2021-2022 - 1241 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, барои гирифтани 439 ҷойи ифтихорӣ, аз он ҷумла ҷойи 1- 161 нафар, ҷойи 2-57 нафар, ҷойи 3-108 нафар, ҷойи 4- 113 нафар сазовор шуданд. Инчунин, барои ҳар як иштирокчии олимпиадаҳои фосилавӣ сертификатҳо оид ба иштироки фаъолона супорида шуд. Иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар даврҳои олимпиадаҳои байналмилалии гуногун идома дорад.

Дар даври аввали олимпиадаи байналмилалии  IMEC-2022 (Хитой), ки аз фанни математика моҳи феврал баргузор гардид, 140 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, ба даври дуюм 81 нафар роҳхат гирифтанд ва 25 нафар хонандагон барои гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ бо сертификатҳои олимпиада сарфароз гардиданд.

Дар даври дуюми олимпиадаи байналмилалии  FISO-2022, ки аз фанни математика моҳи январ баргузор гардид,114 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии МТМУ №2, 9, 12, 23,28, 31, гимназияи №4, №13, литсейи №1, МТДБХБ, ЛБХБ, ЛДП, гимназияи “Ганҷ”, МТУҒ “Пўлотов”, ”Ирфон”,”гимназияи Гёте”, “гимназияи Кавсар”,”Камоли Хуҷандӣ” иштирок намуданд  ва 32 нафар барои  гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ, аз он ҷумла ҷойи 1- 3  нафар,ҷойи 2- 10 нафар,ҷойи 3- 19 нафар мебошад.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2022, №АП-155, Қарори Раиси вилоят аз 11.02.2022 сол, №93 оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва баҳри амалисозии «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040», рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби бештари хонандагони муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омўзишӣ фанҳои риёзӣ, дақиқ  нигаронида шудааст.

Даври якум ва дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» дар миқёси шаҳр гузаронида шуд.

Дар назди шуъбаи маориф истироҳатгоҳи тобистонаи фароғатию солимгардонии беруназшаҳрии “Парвоз” воқеъ дар деҳоти Қотмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият менамуд, ба азнавсозӣ ниёз дорад, бинобар он мавсими дуюм аст, ки истироҳатгоҳи тобистонаи “Парвоз” фаъолият накарда истодааст. Дар назди 17 муассисаҳои таълимии шаҳр лагерҳои наздимактабӣ  фаъолият  намуд.

Дар асоси фармоиши Вазири Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби расмии “Маркази дарёфти рушди истеъдоҳо”- и назди Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 14- умин Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” аз фанҳои математика, физика, химия, биология, география, забони англисӣ, забони русӣ, таърихи ҷаҳон, ҳифзи муҳити атроф, рассомӣ ва сайёҳӣ баргузор гардид. Дар он шаш муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо теъдоди 52 нафар иштирок карда, 17 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар соли таҳсили 2022-2023 дар олимпиадаи даври якум (мактабӣ) 24542 нафар иштирок намуда ба даври дуюм (шаҳрӣ) 21849 нафар танҳо хонандагоне, ки сазовори ҷойи якум гаштанд роҳхат гирифтанд.Дар даври дуюм (шаҳр) 456 нафар ҷойи намоёнро ишғол карданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи пешниҳод мактабҳои нав бунёд намуда, бо ҷалби сарпарастон синфхонаҳои иловагӣ, таъсиси муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таълимии садамавиро барқарор намуда истодааст. Соли ҷорӣ МТМУ №28  азнавсозӣ ва ба истифода дода шуд.

Ҳамагӣ дар 47 муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр 10304  нафар кўдакон фаро гирифта шудаанд. Аз онҳо, дар кўдакистонҳои давлатӣ – 8156 нафар тарбиятгиранда, дар кўдакистонҳои хусусӣ- 893 нафар кўдакон тарбия мегиранд, дар 9 муассисаҳои таълимии МТМУ №3, 5, 12, 15, 17, 20, 27, МТҒ Паймон ва Пўлотов  марказҳои инкишофи кўдакон  бо фарогирии 246 нафар ва дар кўдакистони Президентӣ 1009 нафар кўдакон таълиму тарбия мегиранд.Тибқи маълумотҳои оморӣ дар шаҳри Хуҷанд 19679 нафар кўдакони синни томактабӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо дар кўдакистонҳои шаҳр 53,0 фоизи кўдакон фаро гирифта шудаанд.

Бахшида ба таҷлили Рўзи байналмиллалии ҳифзи  кўдакон  рўзи 1-уми июн дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои  идона ва озмуни расмкашӣ дар рўи мумфарш байни  тарбиятгирандагон гузаронида шуданд. Дар боғи фароғатию истироҳатии “Наврўзгоҳ”, аз тарафи шахсони масъули муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ №6, 2, 14, 15, 19, 22, 24, 28, 35  майдончаи афсонавӣ бо персонажҳои афсонавӣ ва айёниятҳои рангоранг оро дода  шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои томактабӣ тибқи иҷрои талаботҳои «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» рейдҳо, машғулиятҳо, мусобиқаи варзишии “Офарин”ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ҳар як маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Хуҷанд муассисаҳои томактабӣ бунёд шуда истодааст. Дар аксарияти маҳалҳо  кўдакистонҳои давлатӣ ва хусусӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар муассисаҳои таълимӣ 41 майдончаи варзишӣ ва 31 толори варзишӣ фаъолият мебарад.

Шукурова Бибиҳоҷар хонандаи синфи 3, мтму 15 дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар даври шаҳрӣ сазовори ҷойи аввал гардид . Бибиҳоҷар бо кӯшиши пайвастаи худ ва дастгирии омӯзгорон, волидайн ва ҳамсинфонаш ин дастоварди бузургро ба даст овард. Мо...
Муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳри Хуҷанд ба маълумоти шумо мерасонад, ки ҷиҳати иҷроиши Қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.01.2024,таҳти №2/5,фармоиши Сардори маорифи вилоят аз 26.02.2024 таҳти №51 Дар бораи баргузор намудани озмуни ...
  Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии    шаҳри Хуҷанд  бо андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати дар маҳалҳо, дар идораву ташкилотва муасссаҳо ва дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки баҳри тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси...
Кароматулло Аҳроров, хонандаи синфи 10-и гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Ҳусейн Очилов, омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ ва Гулчеҳра Ҳамидова омӯзгори фанни забони англисӣ, гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд барномаи мобилӣ-луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия намуданд, ки...
10 ноябри соли 2022 дар толори Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина Раҳмат бо иштирокчиён ва ғолибони олимпиадаи байналмилалии “Дониш” баргузор гардид. Дар мулоқот, ҳамзамон директорони Марказҳои дарёфт ва рушди...
  Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и шаҳри Хуҷанд дар озмуни шаҳрии иншои беҳтарин бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Маҳмудова Мухлиса (аз синфи 9а) дар мавзӯи "Истиқлол-неъмати бебаҳо"  сазовори Дипломи дараҷаи 1-ум,...

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...