03 Апрел 2013
Дар китобхонаи вилоятии бачагона Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Китоб ояндасози накӯст”оғоз гардид ва он то 9-уми апрел идома хоҳад ёфт.
Дар чорабинии ифтитоҳии он намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бахши фарҳанги шаҳр ва адибон иштирок ва баромад карданд.
Дар оғоз сарвари китобхонаи вилоятии бачагона Раънохон Ҳомидова меҳмонон ва хонандагонро ба ин даргоҳи муқаддас хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки тайи чанд сол охир чунин фестивал дар қаламрави ҷумҳурӣ ботантана гузаронида мешавад ва он барои хонандагони мактабҳо равзанаи илму маърифатро мекушоянд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Зулфия Умарова зимни баромади худ қайд намуд, ки китоб сарчашмаи илму дониш буда, барои рушди тафаккури инсон саҳми беназир мегузорад.
Мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги вилоят Моҳинисо Қурбонова табрикоти сардори раёсат Обидҷон Назаровро ба самъи ҳозирин расонид ва зикр кард, ки баргузории чунин фестивал барои мактабиён манфиатовар аст.
Адибон Саиднабӣ Наҷимӣ, Неъмат Оташ ва дигарон низ баромад намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки ҷойи китоб дар ҷаҳони маънавии инсоният алоҳида мебошад, зеро, “рӯйе, ки нагардад зи касе рӯйи китоб аст”.
Ҳамчунин, толибилмон аз эҷодиёти шоирон дар ситоиши китоб шеърҳои ҷолиб қироат намуданд.
Чорабиниҳо то 9-апрели соли равон идома меёбанд.