16 Декабр 2022
Дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол ҷамъбаст шуд.
Зимни ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ иброз шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад.
Хушбатона давоми солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида ба дастовардҳои зиёди варзишӣ ноил гардидаанд, ки боиси ифтихор мебошад.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ғолибон ва чоизадорон бо диплому медал ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд