01 Апрель 2013
Дар назди Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят Рӯзи ханда ботантана таҷлил гардид.
Он ба ибтикори бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ташкил гардида, дар чорабинӣ ҳаҷвнигорони шинохта Fайратҷон Ҳамроқулов, Алиҷон Раҳматов, Муқим Абдуфаттоев, Набишер Пояндаев бо ҳаҷву мутоибаҳои намакини худ хотири беш аз 1000 нафар тамошобинро шод гардониданд. Ҳамчунин ҳунармандони ноҳияи Fончӣ саҳначаи ҳаҷвии «Муҳоҷирати меҳнатӣ» ва ноҳияи Мастчоҳ «Табиби халқӣ»-ро пешкаши ҳозирин карданд.Масхарабозии дастаи ҳунарии Шӯҳрат Абдуллоев низ диққатҷалбкунанда буд. Ҳунарнамоии сиркии Шоҳрух Эрматов аз Хонаи маданияти №1 ҳам писанди мухлисони ҳаҷв гардид.
Дар чорабинӣ ҳаҷвнигор Одили Оқил аз шаҳри Истиқлол ва дастаҳои ҳаҷвнигорони ҷавон аз мактабҳои олии маркази вилоят «Тоҷиқ- шоу» низ бо ҳунарҳои волои худ ҳамаро мафтун сохтанд.
Ҳофизи хушсадо Анвар Болтуев аз Хонаи маданияти №1 бо сурудҳои ҷаззоби ватандӯстӣ сомеъонро ба ваҷд овард.Ҳамин тавр Рӯзи ханда хотирмон анҷом ёфт.