15 Сентябр 2022
Субҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳайати меҳмонони шаҳри Липетскро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд омаданд, ба ҳузур пазируфт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода меҳмононро ба шаҳри Хуҷанд хайрамақдам гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилонаи Роҳбарияти олии давлатҳои Тоҷикистон ва Русия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дар воқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаем.
Таъкид шуд, ки таҳкиими ҳамкориҳои минтақавии ин ду кишвари стратегӣ дар сатҳи шаҳру вилоятҳо бозгўйи густариши пайваста мебошад.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки шаҳри Хуҷанд дорои зарфиятҳои бузурги ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро дорост. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки меҳмонон баъди ошноии пурра аз имконоти мавҷудаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо саҳм мегузоранд.
Александр Афанасев, раиси Шўрои вакилони шаҳри Липетск аз пазироии гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадаф аз сафари ҳайат дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ, истифодаи зарфиятҳои мавҷуда ва тақвияти ҳамкориҳои минтаъдаи шаҳрҳои Хуҷанду Липетск мебошад.
Бояд қайд намуд, ки ба ҳайати меҳмонони шаҳри Липетск ҳаамзамон муовини Раиси шаҳри Липетск Ирина Артёмова, мудири департаменти маорифи шаҳри Липетск Светлана Бедрова ва сардори раёсати корҳои маъмурияти шаҳри Липетск Наталя Попова шомиланд.
Тибқи нақша имрӯз ҳайати меҳмонони Липетски Федерастия Руссия аз Регистони Панҷшанбе, Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид намуда, дар Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск иштирок мекунанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд