(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввал, муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони сохтору шуъбаҳои шаҳрдорӣ, сардухтурони беморхонаҳои шаҳрӣ ва марказҳои саломатӣ, масъулини Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ, раисони маҳаллаҳо ҷаласаи васеи Раиси шаҳр баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки тибқи рӯзнома натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар ҳашт моҳи соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Сипас, аз рӯйи масъалаи мазкур муовини Раиси шаҳр Бахтиёр Боқизода маърӯзаи муфассал намуда, аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ саноатчиёни шаҳр иқдоми ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд, бо мамнуният ҷонибдорӣ намуда, дар раванди рушди босуръати ин соҳа ташаббусҳои некро амалӣ гардонида, чораҳои судманд андешида истодаанд. Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 902,9 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 86,8 миллион сомонӣ ё 10,6 дар сад афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор ба маблағи 273,4 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 24,0 дар сад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Дар ин давра 13 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 180 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 167 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.Ҳамзамон аз ҷониби 92 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 490,0 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 106,5 млн. сомонӣ ё 27,7 фоиз зиёд мебошад. Инчунин номгўи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ, пойафзоли бачагона ва дигарон мисол шуда метавонанд.

Таъкид гардид, ки ин чораҳои андешидашудаи босубот, барои зиёд гардидани иқтидори истеҳсолии маҳсулотҳои рақобатпазиру воридотивазкунанда, ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва манбаҳои андоз ба буҷети давлатӣ заминаи устувор гузоштанд. Дар ин давра барои азнавсозии технология ва муҷаҳҳаз гардонидани корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 14,0 миллион сомонӣ сармояҳо ҷалб карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра баҳри беҳдошти дастрасии аҳолии шаҳр ба соҳаи хизматрасонӣ 18 нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамзамон ҷиҳати пешгирии баландшавии арзиши маҳсулотҳои хўрока бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 70 маротиба ярмарка-фурўши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил карда шуда, 4 ҳазору 500 тонна маҳсулотҳо ба фурўш бароварда шуданд. Натиҷаҳои рушди бонизоми бахши воқеъии иқтисодиёти шаҳр ва чораҳои андешидашудаи ин давра ба мо имкон дод, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ ва буҷети маҳаллӣ беш аз 102 фоиз таъмин гашта, он боиси аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 7,4 млн. сомонӣ ва 3,1 млн. сомонӣ зиёд ворид шудани андозҳо гардид. Нақшаи хазинаи иҷтимоии шаҳр 117,7 фоиз таъмин шуда, ба буҷети иҷтимоӣ 20,6 млн. сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардидааст.

Ҳаҷми сармояи дохилию хориҷӣ дар ин давра нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта 2,0 маротиба ё 6,2 млн. доллари амрикоӣ зиёд шудааст.

Сипас, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба муовини Раиси шаҳр Бахтиёр Боқизода ва дигар шахсони масъул ҷиҳати фаъол намудани корхонаҳои бозистода, зиёд намудани маҷмуи маҳсулоти саноатӣ, афзун намудани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки майдони истеҳсолоти саноатӣ, иҷрои босифати нақшаи даъвати ҳарбӣ ва ғайраҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Фирдавс Шарифзода баъди ҳисоботҳои муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода ва муовини Раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода, доир ба муаммову мушкилоти соҳаи сарпарасташон пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати рафъи камбудиҳо муҳлатҳои муайян гузошта шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони пешомада, сифатнок ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маориф, хизматрасонии босифат дар муассисаҳои тандурустӣ, пешгирии барҳамхӯрии оилаҳодода шуда, баҳри равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ, ҷоннок намудани фаъолияти шабакаҳои хизматрасонии коммуналӣ ва ободонӣ, кам кардани миқдорӣ ҷинояткорӣ, ташкил ва ба роҳ мондани вохӯриҳои судманд бо қишрҳои гуногуни ҷомеа дар маҳаллаҳои шаҳр ва ғайраҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Дар анҷоми ҷаласа Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, шаҳри азизамонро боз ҳам зебову хуррам ва обод намоем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...