(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, комисари ҳарбии вилояти Суғд Давлатшоҳ Мирзозода, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, муовини Раиси шаҳр, раисони маҳаллаҳо, комисари ҳарбии шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва дигарон ҷаласаи васеи Комиссияи даъватӣ ҷиҳати омодагии сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбии даъвати тирамоҳии соли 2022 баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ беҳтар шуда, дар ин радиф шумораи ҷавонони бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ раванда рӯ ба афзоиш дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон эътибори махсус зоҳир менамояд ва мунтазам дар қисмҳои ҳарбӣ рӯзи дарҳои кушод мегузаронад. Дар доираи рӯзи дарҳои кушод ҷавонон ва волидони онҳо имкон доранд, ки бо шароити хизмат ва зиндагии аскарону афсарон аз наздик шинос шаванд.

Сипас, ҷиҳати омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2022 Раиси Комиссияи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбии шаҳр, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода ҳисобот дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеъии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имконот истифода мекунад. Зеро дар марҳилаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти Давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобаста мебошад. Мувофиқи моддаи 43-и Конститутсияи мамлакат ҳифзи Ватан, ҳимояи манифати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барои насли ҷавон на танҳо қарзи шаҳрвандӣ ва шарафи инсонӣ, балки муҳимтарин мактаби обутоб аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт — дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Комиссари шаҳр Қурбоналӣ Сулмонзода доир ба корҳои анҷомдодашуда ҳисобот дода, аз ҷумла зикр дошт, ки ҳар ҷавонмарди синни аз ҳаждаҳ боло аллакай ҳимоятгари оилаи худ, дўстону ҳамсолони худ, маҳалли худ, зодгоҳу давлати худ мегардад. Ҷисму рўҳи қавии ҳар ҷавонмард аз поктинатию бовиҷдонии ў, ғурури баланди миллӣ доштанаш гувоҳӣ медиҳад. Чун ба ҷавонони ин синну сол менигарем, яқин боварӣ ҳосил мекунем, ки дар ҳақиқат, ватанамон ҷавонони шуҷоъ, ҷасур ва бонанг дорад. Илова ба ин, бо итминони комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистони азизу муқаддаси моро ҷавонону мардони бовиқор нигаҳ медоранд. Аз он ифтихор дорем, ки волидайни нексиришт фарзандони паҳлавону қавиирода, нотарсу далер ва шуҷоъро тарбия дода, барои ҳимояи Ватан-Модар, хоҳарону додарон, дўстон ва дигар шахсони мўҳтоҷ раҳнамо мешаванд.

Дар ҷараёни ҷараёни ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, комисари ҳарбии вилояти Суғд Давлатшоҳ Мирзозода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз масъулини дахлдор доир ба корҳои анҷомдода пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи даъват, бахусус дар самти бақайдгирии шаҳрвандони синни даъват, ҷалби муҳассилин ба мактаби муттаҳидаи техникии ҷамъияти ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Аз раисони маҳаллаҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамоҳангиро бо комиссияи даъвати ҳарбӣ, бахусус комиссирати ҳарбӣ ҷоннок намуда, бо роҳандозии корҳои тарғиботӣ ташфиқотӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ҳарбӣ ватандӯстии шаҳрвандон баҳри иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҳарбӣ мусоидати фаъол намоянд.

Зикр шуд, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор ба ҳар ҷавони синни даъватӣ маҳсуб меёбад. Ифтихор аз он бояд кард, ки ватани мо соҳиби Артиши миллӣ буда, қодир аст дар он ҷавонони бонангро аз ҷиҳати ҷисмонӣ пурқувват, аз ҷиҳати сиёсӣ пухтаву зирак омода гардонад. Ду сол хизмат дар Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати зиндагии осоиштаи хонадони ҳар хизматчӣ, орому осоиштагии кишвар ва ояндаи дурахшони кўдакону ҷавонон мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...