(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТавре, ки иттилоъ дода будем, дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд санаи 19 июл ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанҳои дақиқ: табиатшиносӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ ба шаҳри Франкфурти кишвари Олмон сафарбар карда шуда буданд, Ҷумҳурии Точикистонро дар олимпиадаи фаннӣ шоиста муаррифӣ намуда, 4 медали тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ ва 1 ҷойи ифтихориро аз фанҳои математика, технологияи иттилоотӣ ва табиатшиносӣ ба даст оварданд.

Дар маросими истиқболи расмӣ, ки назди майдони пайкараи Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ сурат гирифт, хонандагонро Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, намояндаи Раёсати маорифи вилоят, маъмурияти Литсей ва волидайну ҳамсабақон пешвоз гирифта, гулу гулдастаҳои тоза тақдим намуданд.

Фируза Нуруллозода хонандагонро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо дастоварди беназирашон таҳният гуфта, барои афзун намудани муваффақияти тоза комёбиҳои нав орзу намуд.

Таъкид шуд, ки хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналхалқии бонуфуз кишвари маҳбуби моро ба тариқи шоиста амуаррифӣ намуда, бо дастовардҳои чашмрас ба Ватан баргаштанд, ки ифтихори ҳамагон аст.

Маъмурияти Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Рахмон изҳори сипос намуда, фароҳам овардани шароити мусоидро асоси дастовардҳо худ ҳисобанд.

Лозим ба таъкид аст, ки олимпиадаи фаннӣ санаи 23 - уми июл аз фанни математика ва санаи 24 - июл аз фанни табиатшиносӣ ва технологияи иттилотӣ баргузор гардида, хонандагони болаёқати Литсей дониши худро аз рӯи 2 фанни таълимӣ санҷида, ғолиби олимпиада гарданд.

Аз ҷумла: Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясминахон, Негматуллоев Акмалҷон аз фанни математика ва Мамадҷонов Меҳроҷ аз фанни технологияи иттилоотӣ - ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло, Маъсумова Фарина ва Саидаҳматзода Салимбек аз фанни математика ва табиатшиносӣ - ҷойи 2 ум ва соҳиби медалҳои нуқра, Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясмина, Мамадҷонов Меҳроч аз фанни табиатшиносӣ - ҷойи 3-ум ва соҳиби медали биринҷӣ ва Негматуллоев Акмалҷон аз фанни табиатшиносӣ ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Дар умум дастаи олимпии Тоҷикистон дар ин олимпиадаи фаннии сатҳи ҷаҳонӣ 12 ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардид, ки ин натиҷаи беҳтарин байни 93 кишвари олам ва наздики 8 ҳазор иштирокчиёни озмун ба шумор меравад.

Лозим ба таъкид аст, ки Олимпиадаи мазкур рӯзҳои 19-24 июл дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон байни хонандагони синфҳои 3-11 гузаронида шуда, хонандагони Литсей дар категорияи хонандагони синфҳои болоӣ дар ин олимпиада иштирок намуданд.

Ин хонандагони боистеъдод - ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ инчунин санаи 25-27 июли соли равон дар Форуми математикони ҷавони ҷаҳон, ки дар шаҳри Пориси кишвари Фаронса баргузор мегардад, иштирок ва Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳанд кард.

Олимпиадаи байналмилалии фаннии "ISTEM - GRAND FINAL 2022" 20 сол қабл аз ҷониби ҷоизадори Ҷоизаи Нобел физики машҳури амрикоӣ Карл Вейман ва Донишгоҳи Колорадои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико созмон дода шуда, дар ҳаракати олимпии ин олимпиадаи фаннии байналмиллалӣ беш аз 93 кишвари олам шомил аст.

Дастаи Тоҷикистонро имсол дар ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, ки дар 3 даври олимпиада тариқи фосилавӣ моҳҳои феврал - июн иштирок намуда, ба даври финалӣ роҳхат ба даст оварда буданд, муаррифӣ намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар соли хониши 2021-2022 хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд дар 3 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ Анталияи кишвари Туркия, Хюстони кишвари Амрико ва Франкфурти кишвари Олмон сафарбар карда шуда, инчунин дар 13 олимпиадаи ҷаҳонӣ тариқи фосилавӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ дар 16 олимпиада 415 медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва 3 Ҷоми даставиро ба даст овардаанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...