(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба фаъолияти муассисаи таълимӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкада нишастро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар чор факултети донишкадаи донишкада – информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ - иқтисодӣ аз рӯи 29 ихтисоси зинаи бакалавриат, 5 ихтисоси шакли таҳсилашон фосилавӣ ва аз рӯйи 18 ихтисоси бакалавриатура таҳсилоти олии дуюм тариқи фосилавӣ, 18 ихтисоси зинаи магистратура, 9 ихтисоси зинаи докторантура (PhD), инчунин 13 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ 178 нафар устодон ба 4121 нафар донишҷӯ дарс мегӯянд. Аз миқдори умумии донишҷӯён 6 нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошанд, ки аз руйи ихтисосҳои гуногун дар донишкада таҳсил карда истодаанд. Таъкид шуд, ки дар Донишкада низоми дохилидонишгоҳии таъминоти сифат мавҷуд аст, ки аз рӯйи он омилҳои баландбардоштани сифати таълим назорат карда мешавад.

Зикр шуд, ки сол ба сол бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои нақшаи дурнамои донишкада он сатҳи сифатан рушд расида истодааст. Масалан соли 2014 миқдори донишҷӯён 3651 нафар бошад, имрӯз ба 4121 нафар расидааст, ки ҳамаи онҳо баъди хатми донишкада соҳиби ҷойҳои кории муносиб ва арзанда мегарданд. Сифати таҳсил низ дар ин давра зиёд гардида, миқдори хатмкунандагони дипломи аъло 4 маротиба афзудааст.

Дар давраи аз соли 2015 то 2021 - 30 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докториро ҳимоя намуданд, 173 нафар омӯзгорон курсҳои такмили ихтисосро дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашта, соҳиби диплом гардиданд. Ҳиссаи омузгорони унвони илмидошта дар Донишкада 45,5%-ро ташкил медиҳад, ки меъёр ба донишкадаҳо 35,0 % муайян шудааст. Агар ин нишондиҳанда дар соли 2010 ба 33,5% баробар бошад, пас дар соли 2022 ба сатҳи 45,5% расидааст. 20 нафар устодони унвони илмидоштаи то синни 35 дар донишкада фаъолияти меҳнатӣ доранд, ки ин 25,5%-ро ташкил мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 7 соли охир зиёда аз 80 патент ва шаҳодатномаи зеҳнӣ, аз ҷумла 19 нахустпатент ва 64 шаҳодатномаҳои зеҳнӣ ба даст омадааст. Бояд қайд намуд, ки соли 2019 дар ин самт хеле пурбарор буд, зеро 40 адад шаҳодатномаи зеҳнӣ ва 5 нахустпатент ба даст оварда шуд, аз он ҷумла 36 шаҳодатномаи зеҳнӣ доир ба сохтани модулҳои системаи иттилоотии идоракунии донишкада ба даст оварда шудааст.

Дар соли ҷорӣ донишҷӯёни Донишкада дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни МТОК фаъолона иштирок намуда, 3 нафар (технологияи иттилоотӣ, назарияи иқтисодӣ ва забони давлатӣ) сазовори 2-ҷойи дуюм ва 1-ҷойи сеюм гаштанд.

211 дарсҳои ба навор гирифта шуда маводҳои дарсӣ ба намуди тайёр дар сомонаи ВМИҶТ ва ҳамчунин дар канали youtube-и омӯзишии Вазорат паҳн карда шудааст.

Агар соли 2010 миқдори умумии озмоишгоҳҳо 20 адад бошад, имрӯз ба 43 адад расонида шудааст, ки барои сифатан беҳтар тайёр намудани кадрҳо мусоидат менамояд. Танҳо дар соли 2021-2022 дар донишкада 5 озмоишгоҳҳои нав ва 1 маркази таълимӣ ташкил карда шудаанд: 3- озмоишгоҳ дар самти зеҳни сунъиӣ , 1 озмоишгоҳи технологияи молиявӣ, озмоишгоҳи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, як маркази таълимӣ, ки аз озмоишгоҳи дузандагӣ ва синфхонаи компютерӣ оид ба лоиҳакашии автоматикунонидашудаи либос иборат мебошад.

Дилафрӯз Саидӣ ҳамзамон доир ба дигар паҳлуҳои фаъолияти донишкада ба рӯзноманигорон иттилои бештар дод.

Дар қисмати саволу ҷавоб рӯзноманигорон доир ба ҷараёни таълиму тарбия ва инноватсия аз директори донишкада пурсон шуда, ҷавобҳои мушаххас ба даст оварданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...