(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» аз 24 ноябри соли 2021, №578 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №553 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» дар нимсолаи якуми соли 2022 як қатор силсила корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра ба даромади буҷети маҳаллӣ 121822,7 ҳазор сомонӣ малағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ворид карда шуданд, ки ин нисбати нақша 1864,7 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 101,6 фоизро ташкил намуд. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 692,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 100,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 1 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқъӣ ба маблағи 1295,6 ҳазор сомонӣ кам аз нақша мебошанд, ки дар натиҷа ба буҷети маҳаллӣ 1295,6 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Дар ин марҳила даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд ба маблағи 271208,9 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақша 4049,9 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 101,5 фоизро ташкил медиҳад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 18289,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 107,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 10 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 1 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқъӣ ба маблағи 4782,7 ҳазор сомонӣ кам аз нақша мебошанд, ки дар натиҷа ба буҷети умумӣ 4782,7 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ба ҳолати 1 июни соли 2022 маблағи 18788,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати аввали соли ҷорӣ ба маблағи 323,5 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи якуми соли 2022 ба маблағи 128181,4 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин 99,9 фоизро ташкил намуда барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ алалхусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 76623,0 ҳазор сомонӣ ва ё 59,8 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, барои таъмини маблағгузории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ 65266,7 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ масраф гардиданд, ки ин 50,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда, аз ҳисоби пардохти музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, кумакпулӣ ва ҷубронпулии аз буҷет пардохтшаванда қарздорӣ ҷой надорад.

Дар ин давра ба даромади суратҳисоби махсуси муассисаҳои буҷети маҳаллии шаҳр 12937,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин 78,9 фоизи иҷрои нақшаро ташаккул дода, 9988,9 ҳазор сомонӣ маблағҳо ба харҷ дода шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 барои маблағгузории сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳри Хуҷанд 13756,2 ҳазор сомонӣ малағҳои буҷетӣ масраф гардиданд, ки ин таъмини иҷрои нақшаро бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба андозаи 100 фоиз ташкил медиҳад.

Дар ин давра барои маблағгузории корҳои ободонии шаҳр аз ҷумла, рўбучини кўчаҳои марказӣ, аз кўчаҳо баровардани партовҳо, дар майдонҳо шинонидани гулҳои ороишӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилӣ, таъмири намои берунаи хонаҳои дар кўчаҳои протоколӣ ҷойгиршуда, фаъолияти бомароми фаввораҳо ва корҳои равшаннамоии кўчаҳо, бо воситаи КВДК “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр, ки ҳачун фармоишгари асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои ободонӣ ба ҳисоб меравад, 21522,6 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба харҷ дода шуданд.

Дар ин давра ҷиҳати таъмини моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ҷиҳати ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи тасдиқшудаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд, ки маблағи 1864,7 ҳазор сомонӣ ҷой доштанаш, 30 фоиз ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 559,4 ҳазор сомонӣ ва 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 66,3 ҳазор сомонӣ ҳиссагузориҳо саривақт ҳисоб ва равона карда шуданд.

Инчунин, мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, дар ин марҳила аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ маблағи 17,0 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва равона гардид.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд барои соли 2022 ҷиҳати барқарорсозии саломатии 76 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқии атомии Чернобил, дар буҷети шаҳр 271,9 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шуда, иҷроиши он 258,3 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳамзамон, дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети маҳаллӣ, ҷиҳати баргузории чорабиниҳо бахшида ба 36-умин солгарди “Рўзи байналхалқии Ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ” 14,5 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба харҷ дода шуданд.

Дар ин марҳила барои таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №94, қарори Раиси вилояти Суғд аз 22 апрели соли 2019, №179 ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 28 августи соли 2019, №598 “Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2019-2021” аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети маҳаллӣ пешбинигардида 27,2 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шуданд.

Инчунин, ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №79, қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 феврали 2019, №62 ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 21 июни соли 2019, №462 “Дар бораи Барномаи шаҳрии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2019-2022” дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети маҳаллӣ пешбинигардида 25,1 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шуданд.

Бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, донишҷўёни коллеҷҳо, донишгоҳҳои олӣ ва варзишгарон, ҷиҳати таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Хуҷанд стипендияи Раиси шаҳр таъсис дода шуда, ба ин мақсад 123250 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ масраф гардонида шуданд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-154, қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 апрели соли 2022 №116 ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбӣ, асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 13 июни соли 2022, №234 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ба тавсиб расонида шуда, барои гузаронидани озмуни мазкур 84885 сомонӣ маблағҳои буҷети ҷудо карда шуданд.

Инчунин, ҷиати таъмини иҷрои Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-155 ва №АП-156 қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр оиди қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурўғи маърифат” ва “Фурўғ субҳи доноӣ китоб аст” мутаносибан 89000 ва 95600 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ҷудо карда шуданд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли соли 1999, №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 апрели соли 2021, №167 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025” ва бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр грантҳои Раиси шаҳр таъсис дода шуда, ба 40 нафар занони ҳунарманд грантҳои Раиси шаҳр ба маблағи 165000 сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷети шаҳр пешбинӣ гардида, дар яке аз ҷашнҳои давлатии соли ҷорӣ ғолибони озмун сарфароз гардонида мешаванд, ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №514 «Дар бораи тасдиқи Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нўшокӣ барои солҳои 2008 – 2020» дар буҷети маҳаллии шаҳр дар соли 2022-ум 3000,0 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, дар ин давра маблағгузорӣ барои ин мақсад ба андозаи 1263,2 ҳазор сомонӣ сари вақт таъмин карда шуданд.

Дар шаҳри Хуҷанд 3 лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ бо маблағи 55,1 млн. доллари ИМА, аз ин ҳисоб 27,8 млн. доллари ИМА малағҳои қарзӣ ва 27,3 млн. доллари ИМА маблағҳои грантӣ мебошанд ва бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (минбаъд БАТР) ҷалб карда шуданд, амалӣ гардида истодааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 аз рӯи Созишномаҳои қарзии №38746 аз 18 майи соли 2008 (марҳилаи 2) ва №44753 аз 16 октябри соли 2014 (марҳилаи 3) ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатии КВДК “Хуҷандобуканал” дар назди БАТР то санаи 14 феврал 189683,54 доллари ИМА ва то санаи 15 май 67303,71 ЕВРО аз ҳисоби хизматрасониҳои коммуналии корхона қарз бояд пардохт мегардид, ки то ба ин рўз бо пуррагӣ пардохт гардидааст.

Аз рўи Созишномаи қарзии №46288 аз 24 декабри соли 2015 ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатии КДК «Нақлиёти мусофиркашон»-и шаҳри Хуҷанд дар назди БАТР то санаи 20 май 737573,98 доллари ИМА аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Хуҷанд қарз бояд пардохт мегардид, ки то ба ин рўз бо пуррагӣ пардохт гардидааст.

Аз рӯи Созишномаҳои қарзии №41769 аз 25 ноябри соли 2011 (марҳилаи 1) ва №47477 аз 13 майи соли 2016 (марҳилаи 2) ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатии КВДК «Хизматрасони нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд дар назди БАТР то санаи 20 апрел ва 6 июн мутаносибан 96773,81 ва 114978,68 доллари ИМА аз ҳисоби хизматрасониҳои коммуналии корхона қарз бояд пардохт мегардид, ки то ба ин рўз бо пуррагӣ пардохт гардидааст.

Боқимонда пардохтҳои қарзӣ барои соли 2022 дар назди БАТР аз ҳисоби КВДК “Хуҷандобуканал” то санаи 12 август 190901,97 доллари ИМА, аз ҳисоби КДК «Нақлиёти мусофиркашон»-и шаҳри Хуҷанд то санаи 20 ноябр 737573,98 доллари ИМА, аз ҳисоби КВДК «Хизматрасони нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд то санаи 20 октябр ва 4 декабр мутаносибан 96228,17 ва 115160,56 доллари ИМА муайян шудааст, зери назорат қарор дорад.

Раёсати молияи шаҳр минбаъд низ барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда ва назорати маблағҳои харҷгардидаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои таъхирнопазиро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.


Абдусалом Бобоҷонзода,

сардори раёсати молияи шаҳри Хуҷанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...