(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи якуми соли 2022 ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он дар баробари роҳбарияти шаҳр, фаъолон, ҳамчунин Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ширкат намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ҳусни оғоз намуда, иттилоъ дод, ки тибқи рўзнома натиҷаи фаъолияти шаҳрдорӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад.

Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки мардуми шарафманди Хуҷандшаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешида, барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми иқтидорҳою имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Боис ба тазаккур аст, ки дар ин ҷода кулли сокинони шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун андешида, нимсолаи аввали соли 2022-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас натиҷабардорӣ намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ саноатчиёни шаҳр иқдоми ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд, бо мамнуният ҷонибдорӣ намуда, дар раванди рушди босуръати ин соҳа ташаббусҳои некро амалӣ гардонида, чораҳои судманд андешида истодаанд.

Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 647,3 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 74,1 миллион сомонӣ ё 12,9 дар сад афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор ба маблағи 191,8 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26,0 дар сад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.

Дар ин давра 8 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 177 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 105 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби 92 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 357,4 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 74,6 млн. сомонӣ ё 26,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра аз 125 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 59 намуд ё 47,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра барои азнавсозии технология ва муҷаҳҳаз гардонидани корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 13,0 миллион сомонӣ сармояҳо ҷалб карда шудааст.

Дар стратегияи рушди кишвар афзалияти бештар ба рушди соҳаи энергетика дода шуда, ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ аҳамияти рўзафзун дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти идораи фурўши барқи шаҳр ба миқдори 353,3 миллион кВт/соат нерўи барқ интиқол карда шуд. Маблағи пардохти умумии он 114,9 млн. сомонӣ ё 108,0 фоиз, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 55,0 млн. сомонӣ ё 117,2 фоизро ташкил менамояд.

Бақияи қарзи умумии истифодаи қувваи барқ аз тарафи аҳолӣ нисбат ба ҳамин аввали сол ба маблағи 8,1 млн. сомонӣ кам шуда, дар ин давра 4,0 млн. сомониро ташкил дод.

Қобили қайд аст, ки корхонаҳои саноатии шаҳр то имрўз пурра бо истифода аз сўзишвории алтернативӣ ва лампаҳои каммасраф фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, ки он барои сарфаҷўёна истифодабарии нерўи барқ ва бо пуррагӣ таъмин намудани аҳолии шаҳр мусоидат менамояд.

Бахтиёр Боқизода гуфт, ки натиҷаҳои рушди бонизоми бахши воқеъии иқтисодиёти шаҳр ва чораҳои андешидашудаи ин давра ба мо имкон дод, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 101,5 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 101,6 фоиз таъмин гашта, он боиси аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 4,0 млн. сомонӣ ва 1,9 млн. сомонӣ зиёд ворид шудани андозҳо гардид. Нақшаи хазинаи иҷтимоии шаҳр 100,6 фоиз таъмин шуда, ба буҷети иҷтимоӣ 600,0 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардидааст. Дар ин марҳила аз 10 намуди даромадҳои андозии буҷети умумии ба нақша гирифташуда 1 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид. Иҷроиши нақшаҳои буҷети давлатӣ ва ҳам маҳаллӣ таъмин шуд.

Бояд қайд намуд, ки қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 99,9 фоиз таъмин гардида, аз ин сарчашма барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ бахусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 76,6 миллион сомонӣ ва ё 59,8 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шудааст. Барои таъмини кормандони муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда, ба истиснои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, ба маблағи 65,3 ҳазор сомонӣ музди меҳнат якҷоя бо андози иҷтимоӣ пардохт карда шуд, ки ин 50,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда, қарзи музди маош дар соҳаҳои буҷетӣ ҷой надорад.

Дар раванди бунёдкориву созандагӣ бинокорони шаҳр саҳми назаррас гузошта, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои молиявӣ маблағгузории асосӣ 195,6 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 166,8 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 114,4 ва 123,2 фоизиро ташкил медиҳад. Яке аз сарчашмаҳои корҳои ба сомонӣ расида, ин маблағгузорӣ аз ҳисоби мутамарказ буда, аз ин ҳисоб дар ҳаҷми 83,8 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Илова бар ин, ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода дода шуда 139,5 миллион сомониро ташкил дод, ки он ба ҳар як сари аҳолӣ 702,0 сомонӣ рост меояд.

Иттилоъ дода шуд, ки яке аз рисолатҳои ниёгонамон корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт бо истифода аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта баҳрабардорӣ карда шуда истодааст.Бо мақсади ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр зам намудани ҳусну таровати замонавӣ 540 адад лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо, равшанкунакҳо ва шилшилаҳои муосир, 19 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 64 адад даромадгоҳҳо, 5175,0 м2 боми биноҳо ва 526,0 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд. Дар ин раванд ҷиҳати кабудизоркунӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 2 ҳазору 138 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, 823,2 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ ба монанди буттагули садбарг, виола, карамгул, карнайгул, 200,0 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг ва 500,0 ҳазор дона пиёзаки гули лола шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар соли 2022-юм 41,0 км таъмири роҳҳо, аз ҷумла 30,0 км таъмири асосӣ ва 11,0 км таъмири ҷориро дар бар мегирад.

Дар давоми нимсолаи аввали соли 2022-юм дар 12,96 км роҳҳо таъмири асосию ҷорӣ гузаронида шуд.

Таъкид шуд, ки ҳар як сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд барои инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазо мегузорад.

Бо қадами мубораки Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ якчанд иншоотҳои гуногуни иҷтимоию истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр ба фаъолияти корхонаи ҳасиббарории Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Толиб Дадобоев”, “Хуҷандторгмаш”, Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”, 2 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Сармоя сохтмон”, ки дар асоси талаботи шаҳрсозӣ бо тарҳи меъмории миллӣ зебою замонавӣ сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Тазаккур бояд дод, ки ҷиҳати иҷрои Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври шаҳрии Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурўғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардида, ғолибон ба даври вилоятии озмун пешниҳод гардиданд.

Ҳамчун самти афзалиятнок ба рушди соҳаи маориф таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда шуда, бо мақсади тақвият бахшидан ба омўзиши фанҳои дақиқ, илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникӣ, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва дар доираи Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурўғи маърифат” 60 адад маҳфилҳо, ба монанди “Ровиёни беҳтарин”, “Шеърдўстони беҳтарин”, “Техникони наврас”, “Математикони ҷавон”, “Барномасозон”, «Кишваршиносони ҷавон» ва “Табиатдўстони ҷавон” дар муассисаҳои таълимӣ ташкил гардидаанд.

Мувофиқи нақшаи солона дар соли 2022 бояд 393 нафар омўзгорон аз курси такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф гузашта, савияи дониши худро баланд бардоранд ва то имрўз 263 нафар кормандони соҳаи маориф савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки ин ба ҳисоби миёна 67 % - и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаи маориф дар давоми нимсолаи якуми соли 2022 – 42 нафар омўзгорон ба осоишгоҳҳо роҳхат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 ба муассисаҳои таълимӣ 154 адад (100%) компютер ва 51 (312%) адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шудааст ва 23 муассисаи таълимӣ бо китобхонаи электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Айни замон, дар 50 муассисаҳои таълимӣ 74 синфхонаҳои компютерӣ, 1937 адад компютер, 286 адад принтер, проектор 322 адад ва тахтаи электронӣ 269 адад мавҷуд буда, хамаи синфхонаҳо ба шабакаи Интернет ва шабакаи дохилӣ пайваст карда шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона иштирок намуда, дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии ҷумҳуриявӣ барои синфҳои 5-11, 116 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Инчунин, иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ тариқи онлайн ва интихобӣ зиёд гардида истодааст.

Хатмкунандаи МТУҒ «Гимназияи Гёте» Пўлотов Юсуфҷон барои гирифтани идрорпулии DAAD-хадамоти мубодилаи омўзгорон ва хонандагоне, ки забони немисиро меомўзанд, сазовор шуд.

12 нафар хатмкунандагони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ба дарёфти грантҳои омўзишӣ дар донишгоҳҳои беҳтарини Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба маблағи 2,5 миллион доллари амрикоӣ сазовор шуда, таҳсили худро дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико давом медиҳанд.

Инчунин барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия муассисаи таҳсилоти томактабии №18, ки дар ҳолати ногувор қарор дошт, аз нав барқарор гардида истода, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 низ корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.

Дар шаҳр баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 95 адад муассисаҳои тиббии давлатӣ ва хусусӣ амал мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 6 ҳазору 300 нафар кормандони соҳаи тиб адои вазифа доранд.

Шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ ба 61 ҳазору 900 нафар расид, ки аз ин миқдор 30 ҳазору 900 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 90 чорабиниҳои сатҳи мухталиф аз қабили вохўриву мулоқотҳо, озмунҳо, конфронсҳо, аксияҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, фестивалҳо, корҳои ободониву созандагӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо иштироки беш аз 45 ҳазор нафар наврасону ҷавонон, варзишгарону мухлисон баргузор гардиданд.

Дар шаҳр 306 адад иншоотҳои варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳ, иншоотҳои оддии варзишӣ, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва иншоотҳои барои машғулиятҳои варзишӣ мавриди истифода қарор доранд.

Соли ҷорӣ 11 адад майдончаҳои варзишӣ ва бозии кўдакона дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр ва назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар 6 муассисаҳои тайёрии варзишии шаҳр бо теъдоди 123 нафар мураббӣ аз рўи 28 намуди варзиш ба 3843 нафар варзишгарон машқу тамрин медиҳанд, ки аз ин шумора 488 нафарашон духтарон мебошанд. Мураббиён дар муассисаҳои варзишӣ аз рўи 3 намуди миллии варзишӣ, 8 намуди ғайриолимпӣ ва 17 намуди олимпӣ машғулиятҳои варзишӣ мегузаронанд.

Сипас аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз масъулин масоили марбут ба вазъи иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, шаффоф фаъолият намудани корхонаҳои саноатӣ, бакорандозии иқтидорҳои мавҷуда ва майдону инфрасохтори саноатӣ, даъвати ҳарбӣ, тақвитяи корҳои ободонию созандагӣ пурсиш ба миён оварда шуда, ҳамзамон вазифагузорӣ гардиданд.

Фирўза Нуруллозода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд назди фаъолони шаҳр роҷеъ ба самти сарпарастии фаъолияти хеш ҳисоботи муфассал дод.

Фирдавс Шарифзода зимни пурсиш ва вазифагузорӣ доир ба соҳаи маориф ва тандурустӣ бо таҳлилҳои амиқ масъулинро муваззаф намуд, ки зимни иҷрои рисолати касбӣ баҳри самаранокии фаъолиятро интихоб ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Масъулини шуъбаи кор бо занон ва оила, танзими расму оин, ҷавонон, маҳаллаҳо вазифадор гардиданд, ки байни аҳолӣ ҷиҳати тарғиби дастовардҳои Истиқлолият, ғояи Ваҳадти миллӣ, манфиатҳои Давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии қонуншиканиву ҷиноятсодиркунӣ корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд.

Сипас дар назди ҳозирин Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баромад намуда, ба роҳбарияти шаҳр ва фаъолон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ ва ба ин васила фароҳам сохтани шароити арзанда ба мардум дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Раиси шаҳри Хучанд Фирдавс Шарифзода бо вазифагузориҳои мушаххас барои нимсолаи дуюми соли 2022 ба ҷаласаи фаъолон ҳусни анҷом бахшид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...