(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҲамватанони гиромӣ!

Ҳоло, ки мо дар арафаи яке аз ойинҳои суннатии мардуми мусулмон – иди Қурбон қарор дорем, ҳамаи шуморо ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

Мардуми мусулмони мо иди саиди Қурбонро ҳамчун суннати меҳру шафқат ва тараҳҳуму ҳамбастагӣ гиромӣ медоранд.

Мо – шаҳрвандони Тоҷикистон шукр мекунем, ки иди Қурбон ва дигар маросиму ҷашнҳои милливу диниро дар фазои истиқлолу озодӣ ва амнияту оромӣ, ки бузургтарин дастоварди мардумамон мебошад, таҷлил мекунем.

Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки дар фарҳанги исломӣ андешаҳои эҳсону накӯкорӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, муҳаббату хайрхоҳӣ ба наздикону пайвандон, мурувват ва муомилаи нек бо ҳамсояҳову дӯстон, дилсӯзиву ғамхорӣ ба беморону ниёзмандон ва ёди хайр аз гузаштагон мақоми баланд доранд.

Ҳамчунин, омӯзиши илму маърифат, заҳматдӯстиву ободкорӣ, сабру таҳаммул ва дигар арзишҳои неку созанда аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ мебошанд, ки дар таълимоти дини мубини ислом ба онҳо эътибори зиёд дода шудааст.

Маънӣ ва фалсафаи иди Қурбон ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва ба ҳамдигар дилсӯзу ғамхор будан аст.

Дигар ин, ки дар рӯзи ид шахсони дорои имконияти моддӣ дар роҳи Худо қурбонӣ мекунанд.

Қурбонӣ кардан ҳамчун суннат бар дӯши ҳама ҳатмӣ нест. Таъкид месозам, ки ин корро танҳо онҳое бояд анҷом диҳанд, ки оилаи онҳо аз ҳар лиҳоз таъмин аст ва аҳли хонадони онҳо танқисиву мушкилот надоранд.

Онҳое, ки имконияти моддӣ надоранд, метавонанд бо сухани нек, амали хуб ва рафтори шоистаи худ дили одамонро шод кунанд, ки ин ҳам аз ҷумлаи корҳои хайру савоб ба шумор меравад.

Дар баробари дурӣ ҷустан аз аъмоли носавобу номатлуб ва талқини амалҳои хайру савоб, аз аҳволи наздикон бохабар будан, махсусан, аёдати беморону ниёзмандон, кумак ба ятимону маъюбон, ба дидори падару модарон шитофтан, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кумак дароз кардан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва таомули писандидаи мардуми мо дар ин рӯз мебошад.

Ба ин маънӣ яке аз бузургони адаби мо беҳуда нагуфтааст: Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст, Аз ҳазорон Каъба як дил бехтар аст. Каъба бунёди Халили озар аст, Дил назаргоҳи Ҷалили акбар аст. Аз ин рӯ, мо дар рӯзи ид бояд ба ҷанбаи маънавии он бештар эътибор диҳем.

Мо понздаҳ сол қабл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро қабул карда будем, ки яке аз ҳадафҳои он пешгирӣ намудани зиёдаравию исрофкорӣ ҳангоми баргузор кардани ҳама гуна расму ойин ва ҷашну маросим, аз ҷумла идҳои Рамазон ва Қурбон мебошад.

Қобили зикр аст, ки тайи ин солҳо қонуни миллии мо дар ҷодаи ба мазмуну моҳияти аслиашон мутобиқ гардонидани расму ойинҳои суннатӣ ва ислоҳоти маънавии ҷомеа, яъне аз таъсири расму анъанаҳои бегона озод сохтани тафаккури мардуми кишварамон нақши арзишманд бозид ва боиси хеле беҳтар шудани вазъи иҷтимоии сокинони мамлакат гардид.

Бовар дорам, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Қурбон – ин ойини дастгирии ҳамдигарӣ, сабру таҳаммул ва хайру эҳсон – ҳамватанони мо ба ҷойи сарфу хароҷоти беҳуда ва зоҳирпарастиву худнамоӣ ба хотири расонидани кумак ба ҳамдиёрони ниёзманд, ятимону маъюбон, дастгирии оилаҳои камбизоат ва ободонии Ватан иқдомоти хайру савобро анҷом медиҳанд.

Худованд дар ояти дуюми сураи «Моида»-и Қуръони маҷид мефармояд, ки: «бар накӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед».

Ҳамчунин, як нуктаи муҳимми дигарро таъкид менамоям, ки муҳимтарин рисолати динӣ, виҷдонӣ ва имонии мову шумо – мардуми шарифи кишвар тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба волидайн ва хизмат ба онҳо, гиромӣ доштани суннату арзишҳои миллӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, расидан ба қадри истиқлолу озодии Ватан ва бо риояи моҳияту асли давлати демократӣ ва дунявиамон баргузор намудани расму ойинҳои милливу динӣ мебошад.

Мову шумо вазифадорем, ки аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ худдорӣ карда, имкониятҳои моддии худро барои осоиши хонадон ва таълиму тарбияи фарзандонамон сарф кунем, то онҳо бесавод намонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд. Фаромӯш набояд кард, ки илму дониш рӯшноиву нур ва бесаводӣ роҳ ба сӯйи торикиву хурофот ва ҷаҳолат аст.

Ҷаҳолат, дар навбати худ, ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси буҳрону касодии ҷомеа мегардад.

Имрӯзҳо дар кишварамон давраи ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ ва захираи маҳсулот идома дорад.

Бинобар ин, зарур аст, ки вақтро ғанимат дониста, кишти такрориро боз ҳам вусъат бахшем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва ба масъалаи захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила эътибори ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем, то мардумамон дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода ба мушкилӣ дучор нашаванд ва танқисиву муҳтоҷӣ накашанд.

Такроран таъкид менамоям, ки ҳар як оила бояд дар фикри омодагии ҳарчи беҳтар ба мавсими тирамоҳу зимистон бошад ва талаботи қонуни танзимро ба таври қатъӣ риоя намояд.

Бори дигар хотирнишон менамоям, ки мардуми сайёра ҳоло дар вазнинтарин ва душвортарин давраи таърихи худ қарор доранд. Имрӯзҳо сокинони 27 кишвари дунё ба хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ омадаанд.

Аз ин лиҳоз, мо бояд бо дарназардошти чунин вазъияти ҳассосу вазнини ҷаҳон амал кунем, сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву содиқона заҳмат кашем ва сарфаю сариштакориро, ки хислати беҳтарини миллати куҳанбунёдамон мебошад, дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ риоя намоем.

Бори дигар фарорасии иди саиди Қурбонро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони мамлакат тандурустӣ, сулҳу сафо, хайру баракат ва иқболи нек орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамватанони азиз!

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...