(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз бинои Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки аз таъмиру таҷдид бароварда шуд, боздид намуданд.

Дар бинои фарҳангӣ барои фаъолияти аҳли эҷод ва тамошои намоишҳо шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Театри вилоятӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар таҳхонаи бинои театр толорҳои машқу тамрини ҳунармандон, утоқҳо барои гузаронидани дарс пешбинӣ гардидааст, ки барои фаъолияти назарраси ҳунармандон заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар ошёнаи якуми бино миёнсарой, толори асосӣ барои саҳна, хонаҳои маданият бо ҷойҳои либосивазкунӣ, ҳуҷраҳои маъмурияти театр ва ҳуҷраҳои санитарӣ ҷойгир карда шудаанд. Толори асосии театр дорои 612 ҷойи нишаст мебошад.

Саҳнаи театри мазкур бо нақшу нигори миллии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гаҷкорӣ шудааст. Бори аввал саҳна бо дастгоҳҳои замонавии равшанидиҳию тақвияти овоз таъмин гардида, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мусоид мебошад.

Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юми бино ҳуҷраҳои корӣ, фароғати ҳунармандон, устохонаҳои дӯзандагӣ, сехи рассомӣ ва хуҷраи ороишӣ ҷойгир шудаанд.

Ҳамчунин дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар ошёнаи сеюми бинои Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ саҳнаи хурд бо 102 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

Дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ мақому манзалати театри тоҷик баланд гардида, шароити муносиби корӣ барои кормандони соҳа фароҳам оварда мешавад. Зеро театр як шохаи асосии фарҳанг ба ҳисоб рафта, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, инъикоскунандаи ҳаёти иҷтимоӣ аст ва асолати миллиро тариқи намоишномаҳо пойдору устувор нигоҳ медоранд.

Ҳудуди бинои Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо тахтасангҳои мармарини истеҳсоли коргоҳҳои вилоят ороиш ёфтааст.

Роҳравҳои бино бо маҳсулоти ватанӣ зинат дода шуда, бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ ҷолибу диданӣ офарида шудааст.

Атрофи театр пурра гулкорӣ ва бо сутунпояҳои равшанидиҳанда чароғон шуда, 5 адад суҳбаткада сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба санъати баланди меъмории миллии бинои театр, ки аз ҷониби устоҳои чирадасти вилоят бо усули нотакрор зебу зинат ёфтааст, баҳои баланд доданд.

Таъмир ва бо намуди наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти мазкур дар шаҳри Хуҷанд ба баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти аҳли фарҳангу санъати вилояти Суғд равона гардида, ба тарҳи меъмории шаҳр низ зебоии тоза зам намуд.

Имрӯз дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ 161 нафар фаъолият дошта, 70 нафари онҳоро гурӯҳи эҷодӣ ташкил медиҳад.

Бо истифода аз толорҳои барҳаво ва ҳуҷраҳо барои машқу тамрин ҳунармандони касбии театри вилоятӣ имконият доранд, ки минбаъд барномаҳои гуногун ва намоишномаҳои ҷаззобу диданиро пешниҳоди тамошобинони закӣ гардонанд.

Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароиту имконияти театр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги он бо аҳли фарҳанг мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат аҳли санъати вилоят барномаи хуби фарҳангии тараннумкунандаи сулҳу ваҳдати ҷовидонаи тоҷикон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии давлатро пешкаш карданд, ки бисёр ҷолибу диданӣ буд.

Ҳунармандони касбӣ бо офаридани намоишномаҳои театрӣ дар рушди соҳа, баланд бардоштани ғановати маънавӣ ва тарғиби сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат саҳми шоиста мегузоранд.

Айни ҳол дар вилояти Суғд 7 театри касбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Бӯстон, Конибодом, Спитамен, Ашт ва дар 5 шаҳру ноҳияҳои дигар Исфара, Деваштич, Мастчоҳ, Панҷакент ва Истаравшан театрҳои халқӣ фаъолият доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои санъаткорону ҳунармандони вилоят баҳои баланд доданд.

Аҳли фарҳанги вилояти Суғд, хосса ҳунармандони театр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин таваҷҷуҳ, ки василаи хуби ҳифзи фарҳанги бузурги халқи тоҷик аст, изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...