08 Апрел 2022
Тибқи иттилоъи директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова хонандаи синфи 11 -уми муассисаи мазкур Алишер Қосимов дар озмунҳои Донишгоҳҳои Амрико дар соли 2022 иштирок намуда, соҳиби Шоҳҷоиза - гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ ва имтиёзи таҳсили ройгон дар 8 Донишгоҳи бонуфузи кишвари Амрико ва Шветсарияро ба даст овард.
Донишгоҳҳои бонуфузи Амрико аз ҷумла: Донишгоҳи Дрейк дар штати Айова, донишгоҳи Эмори ва Хенри дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Вирҷинияи Ғарбӣ дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Ла Верна дар штати Калифорния, донишгоҳи Аризона дар штати Аризона, донишгоҳи Гарднер Веб дар штати Каролинаи Шимолӣ, донишгоҳи Невада дар Лас Вегас ва донишгоҳи Франклин дар кишвари Швейтсария бо ирсоли мактуби расмӣ эълони омодагии қабули хонандаи тоҷикро тариқи буҷавӣ(ройгон) намуда, изҳори умед намуданд, ки ӯ ҳангоми интихоб донишгоҳҳои онҳоро қабул мекунад.
Лозим ба таъкид аст, ки донишгоҳҳои мазкур ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомил шуда, 5 соли омӯзиш дар ин донишгоҳҳо аз 80 ҳазор то 170 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад. Алишер Қосимов - хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд яке аз аз омилҳои ба ин муваффақияти комил расидани худро дар омӯхтани фанҳои таълимӣ бо забони англисӣ дар Литсей медонад.
Ӯ мегӯяд, дар раванди иштирокаш дар озмунҳои мазкур ӯ дар давоми 2 моҳ "эссе" - ро бо забони англисӣ навишта пешниҳод намудааст ва ғолиб гардид.
Алишер Қосимов ният дорад, дар оянда духтур - ҷарроҳии асаб гардида, баъди хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон баргардад ва баҳри рушди тиббӣ тоҷик саҳм гузорад.
Бояд қайд намуд, ки ин дастоварди аввалини хонандагони ин боргоҳи таълимӣ набуда, моҳи декабри соли гузашта се нафар хонандагони ин Литсей Алиҷон Усмонов, Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар кишвари Таиланд ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза 220 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ гардида буданд.
Дар воқеъ, омӯзгорони ин боргоҳи таълими дастовардҳои худро дар иртибот ба таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати донистани забони англисӣ барои мутахассисони соҳаи мамлакат, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд омӯзиши фанҳои дақиқ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, ин амр имкон медиҳад, хонандагон бо баробари аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, шарафи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ намоянд.
Лозим ба таъкид аст, ки танҳо дар соли хониши 2021-2022 хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар беш аз 13 олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Руссия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок намуда, соҳиби 356 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
Дар МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" бо ибтикороти тозаи маъмурияти муассисаи таълимӣ таваҷҷӯҳи хосса ва махсус ба омўзиши забони англисӣ бо мақсади омўзиши амиқи он равона карда шуда, дар ин самт бо барномаҳои махсуси таълимӣ ва дастурҳо таълимӣ ба хонандагон забони хориҷӣ таълим дода мешавад, ки самараи хуб ба бор оварда истодааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд