(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Фирдавс Шарифзода Раиси шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссари ҳарбии шаҳр, ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии шаҳр ва раисони маҳаллаҳо ҷаласаи навбатии Ситоди даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст, раиси комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбии шаҳр, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода оид ба ҷамъбасти маъракаи даъвати тирамоҳии соли 2021 ва омодагӣ ба маъракаи даъвати баҳоронаи соли 2022 маълумоти муфассал ироа намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи қарори раиси шаҳр аз 22 сентябри соли 2021 №370 «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ моҳҳои октябр – ноябри соли 2021» барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи даъвати тирамоҳии соли 2021 тамоми ҷораҳои заруриро роҳандозӣ гардид ва дар натиҷа нақшаи даъвати тирамоҳӣ навскарон 101 % иҷро гардид. Бобати иҷрои вазифагузориҳои ҷиҳати омодагӣ ба даъвати баҳорона 5 маротиба ҷаласаи ситод баргузор ва масъулин баҳри иҷрои қарорҳои интишоршуда муваззаф гардиданд. Алҳол дар мактаби ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд 38 нафар ҷавонони синни даъватӣ барои соҳибкасб гардидан ба курси ронандагӣ ҷалб гардида, баъди гирифтани тахасусмандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд.

Сипас, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд подполковник Қурбоналӣ Сулмонзода оид ба корҳои анҷомшуда дар самти омодагиҳо ба даъвати баҳоронаи наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намуд.

Даврон Зоҳидзода, муовини Раиси вилояти Суғд зимни баррасии масъалаи мазкур аз масъулини дахлдор оид ба иҷрои қарори Раиси вилоят «Дар бораи гузаронидани омўзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2022, пурсиш ба амал оварда, барои иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар маъракаи даъвати баҳории соли 2022 эшонро вазифадор кард. Таъкид шуд, ки омодагиҳо дар ин самт вусъат дода шаванд ва нақша пеш аз муҳлат босифат иҷро гардад.

Дар ҷараёни ҷараёни ҷаласа Раиси шаҳри Хучанд Фирдавс Шарифзода доир ба супоришҳои қаблан ироагардида, пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи даъват, бахусус дар самти бақайдгирии шаҳрвандони синни даъват, ҷалби муҳассилин ба мактаби муттаҳидаи техникии ҷамъияти Ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Аз раисони маҳаллаҳо, шуъбаҳои кор бо занон, робита бо ҷомеа, ҷавонон ва варзиш ва дигарон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамоҳангиро бо комиссияи даъвати ҳарбӣ, бахусус комиссирати ҳарбӣ ҷоннок намуда, бо роҳандозии корҳои тарғиботӣ ташфиқотӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ҳарбӣ ватандӯстии шаҳрвандон баҳри иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ мусоидати фаъол намоянд.

Дар анҷоми ҷаласа таъкид шуд, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои ба роҳ мондани фаъолияти муназзами ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонида, ба уҳдаи онҳо иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллату давлат, таъмини сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандонро вогузор намудааст. Мо – ҳама хурду бузурги кишвар, алалхусус фаъолон вазифадорем, ки шукронаи истиқлолият, сулҳу оромӣ ва сарҷамъиву ваҳдати миллиамонро эҳтиёт кунем ва доим дар андешаи ободиву ҳифзи Ватанамон буда,садоқат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Давлату Ҳукумат ва сарзамини аҷдодиро фаромӯш насозем. Ҳифзи Ватан, ору номус, матонат ва ҳимояти марзу бум вазифаи ҷонии ҳар фарди кишвар аст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...