(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Корхонаи ҳасиббарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ба номи “Толиб Дадабоев”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд.

Ҷамъияти мазкур бо тамғаи маҳсулоти гӯштии “Дилшод” навъҳои гуногуни ҳасиб ва мувофиқи талаботи бозор 8 намуди ҳасибча истеҳсол менамояд.

Айни замон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ба номи “Толиб Дадабоев” 25 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардида, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзии кор бо технологияи соҳавӣ гузаштаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар як сол тибқи нақша корхонаи навтаъсис имконият дорад то 120 тонна гӯштро коркард карда, аз он навъҳои гуногуни ҳасиб истеҳсол намояд. Айни замон дар корхонаи ҳасиббарорӣ истеҳсоли 30 намуд маҳсулоти гӯштӣ роҳандозӣ гардидааст ва бо дарназардошти талабот имконият аст, ки номгӯи маҳсулот зиёд карда шавад.

Хатҳои истеҳсолии корхонаи мазкур аз Олмон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус ва Чин харидорӣ гардида, бо истифода аз ин имконот истеҳсолот дар доираи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардидааст. Гӯшти гов ва паранда барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз корхонаҳои чорвопарвари ҳудуди вилоят харидорӣ гардида, дар корхона ҳасиб аз гӯшти гову мурғ, ҳамчунин аз гӯшти асп қазӣ истеҳсол мегардад, ки он ба таври махсус тайёру хушконида мешавад.

Маҳсулоти ниҳоии корхонаи мазкур ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят ва бархе мағозаҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш бароварда мешавад. Ба иттилои масъулин, дар оянда содироти он ба дигар кишварҳо низ роҳандозӣ мегардад, зеро имконияти зиёдсозии хатҳои истеҳсолӣ ва афзоиш додани ҳаҷми маҳсулот мавҷуд аст.

Бо дастрасии технологияи муосир тамоми марҳилаҳои коркард ва омодасози гӯшти паранда барои истеҳсоли ҳасибҳои мурғӣ дар дохили корхона роҳандозӣ гардида, ҷамъият барои мизоҷон дар баробари ҳасиб, инчунин гӯшти мурғи бо усули муосиру бо истифода аз буғ пухташуда пешниҳод менамояд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти ниҳоии корхонаи мазкур дидан намуда, барои рушди бештари истеҳсолот ба соҳибкорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...