(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани сифати таълими фанҳои ҷомеашиносӣ ва забонҳо дар макотиби таҳсилоти олии равияҳои техникӣ” баргузор гардид.

Конфронсро муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Ахмедов ифтитоҳ намуда аз ҷумла зикр дошт, ки дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи Ҳукумат ва давлат ба соҳаи маориф ва илм сол аз сол афзун мегардад. Маҳз бо ҳидоят ва ғамхориҳои Сарвари давлат маблағгузории соҳа дар солҳои охир ба маротиб зиёд гашта, дар соҳа дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Ҳукумати кишвар якчанд иқдомҳои шоистаро амалӣ намудааст, ки онҳо бевосита ба ташаккули маърифати фарҳангӣ ва забондонӣ, тафаккур ва фарҳанги техникӣ, баланд гардидани сифат таълим ва тарбия дар МТОК равона гардидаанд. Аз ҷумла эълон гаштани солҳои 2020-2040 солҳои рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи дар соҳаи илму маориф, баргузор намудани озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, ташкили ҷоизаи давлатӣ барои омӯзгорон ва ходимони илмӣ дар самти омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ тасдиқи суханҳои дар боло қайдшуда мебошад. Дар солҳои охир аз тарафи Ҳукумати мамлакат як қатор стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи илму маориф қабул шудааст, ки барои ба роҳ мондани кори таълиму тарбия, пешбурди илму маориф ва тарбияи кадрҳои миллӣ мусоидат кардааст. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад”.

Таъкид шуд, ки миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст. Чунки рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум, пеш аз ҳама, аз дараҷаи донишу маърифат, забондонӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар будани аҳли ҷомеа иртиботманд аст.

Бахусус, дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад ва ҳар рўз уфуқҳои нави таҳаввулоти техникиву технологӣ зуҳур карда, дар шабакаҳои иттилоотӣ паҳн мегарданд, аз мутахассисон донистани забонҳои хориҷӣ ва ҷустуҷӯ ва истифодаи донишҳои навро талаб мекунад. Омода намудани кадрҳои ҷавон бо чунин салоҳиятҳо ба рушди инноватсионии мамлакат ва амалӣ намудани ҳадафҳои страегии рушд мусоидат хоҳад кард.

Бо назардошти чунин талаботи замони муосир Президенти мамлакат дар назди мо - маорифчиён вазифагузорӣ намуданд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ омӯзонида шуда, назорати қатъии сифати таълим ба роҳ монда шавад.

Пешвои муаззами миллат таъкид медоранд: “Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд”.

Аз дигар тараф, дар омода намудани мутахассисони ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувият ва ҳисси миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон мавқеи фанҳои ҷомеашиносӣ хеле назаррас мебошад.

Аз ин лиҳоз, фикр мекунам, мавзуи конференсияи имрӯза хеле мубрам ва саривақтӣ буда, баргузории он бо иштироки васеи олимон ва мутахассисони соҳа барои боз ҳам рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълими фанҳои ҷомеашиносӣ, забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ ҳиссаи худро мегузорад.

Иттилоъ дода шуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сифати таълим, азхудкунонии технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникасионӣ, такмили сатҳи забондонӣ, боло бардоштани тафаккури техникии ҷавонон ҳамаи захираҳои дохилиро сафарбар намуда, тамоми шароити заруриро барои илмомӯзии донишҷӯён фароҳам овардааст. Дар донишкада 36 озмоишгоҳҳои бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидашуда, 2 сехи истеҳсолӣ, 15 синфхонаи компютерӣ, 4 кабинетҳои лингофонӣ, 3 китобхона фаъолият мебарад. Ҳамаи синфхонаҳо бо проектор ва тахтаҳои электронӣ таъмин карда шудааст, ки барои баланд намудани самараноки раванди таълим мусоидат кардааст. Дар донишкада якқатор чораҳои судманд ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим амалӣ шудааст, аз ҷумла ташкили шуъбаи идоракунии сифат ва банақшагирии стратегӣ, ба роҳ мондани фаъолияти экспертони сифат, мунтазам гузаронидани пурсиши донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон дар донишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ, ташкили имтиҳонҳои ниҳоӣ тариқи маркази тестӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсияонӣ ва ғайра.

Дар донишкада ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмию тадқиқотӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва ташаккули тафаккури фарҳанги миллӣ ва тафаккури техникӣ махфилҳои илмӣ, ихтирокорӣ ва эъҷодӣ фаъолият мебарад, мунтазам озмунҳои фаннӣ ва касбӣ, конференсияҳои илмӣ баргузор карда мешавад.

Хурсандиовар аст, ки омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирфтанд. Соли ҷорӣ мудири кафедраи барномарезӣ ва низоми иттилоотии донишкада Хуршед Худойбердиев ва омӯзгори фанни физикаи литсейи донишкада Бобоҷонов Ҷӯрабой ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро, ки дар остонаи ҷашни соҳибистиқлолии мамлакат бори аввал доир гардид, мушарраф гардиданд.

Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат”, ки дар он 15 нафар донишҷӯён ва 4 нафар омӯзгорони донишкада иштирок намуданд, омӯзгорон Худойбердиев Х.А. соҳиби ҷойи 3-юм. Охунов З.Ю. ва Шодиев Ш. соҳиби ҷойҳои ифтихории 4-ум гаштанд. Аз ҳисоби донишҷӯён 4 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихории 4-ум гаштанд ва бо ифтихорномаи АМИТ сарфароз гардонида шудаанд.

Дар олимпиадаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромов Манучеҳр аз фанни физика ва Ҷӯраев Қадриддин аз фанни технологияи информатсионӣ соҳиби ҷойҳои сеюм гаштанд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии байни МТОК донишҷӯён Зоҳирова Меҳрангез аз фанни химия ҷои якум ва Ҷураев Қадриддин аз фанни технологияҳои иттилоотӣ ва Абдуллоев Шарифҷон аз фанни аз назарияи иқтисодӣ ҷойҳои дуюмро ба даст оварданд.

Донишҷӯи курси 3-юми Дилноза Қосимзода дар даври ҷумҳуриявии озмун таҳти унвони “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” мақоми дуюмро касб намуда, бо мукофоти пулӣ ва ноутбук қадрдонӣ карда шуд. Донишҷӯи курси дуюми донишкада Каримова Хушнуда барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифт.

Сипас тибқи барномаи конфронс маърӯзаҳои илмӣ ба самъи ҳозирин раоснида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...