25 Ноябр 2021
Муассиси Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Гулчини маърифат» Мақсуд Зиёбоев бо иқдоми неки худ хонандаи синфи 10 Иқболхўҷа Темирхоҷаевро, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рўйи номинаи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» мақоми аввалро ишғол намудаааст, аз пардохти шартномаи таҳсили солона озод намуд.
Дар ин бора ба мо сарвари МТҒ “Гулчини маърифат” Матлуба Муинова иттилоъ дода афзуд, ки Иқболхўҷа Темирхоҷаев аз хонандагони фаъоли муассиса буда, ғолиби якчанд озмуну олимпиадаҳои байналхалқӣ мебошад ва мо бо чунин шогирдони навовар ва донишманд ифтихор мекунем.
Бояд қайд намуд, ки Иқболхӯҷа Темирхоҷаев ихтирое бо номи “Доно”-ро роҳандозӣ намудааст, ки он барномаҳои махсуси мобилӣ буда, бо ёрии технологияи муосир барои мактаббачагон фанҳои дақиқ ва забонҳоро меомӯзонад ва дорои Шаҳодатномаи муаллифии Маркази миллии патенту итилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барномаи мазкур амалан дар МТМҒ “Гулчини маърифат татбиқ гардидааст.
Ҷоиз ба зикр аст, ки шартномаи таҳсил дар МТҒ “Гулчини маърифат” дар як соли хониш 5500 сомониро ташкил медиҳад. Чанде қабл Иқболхўҷа Темирхоҷаев бо ишғоли мақоми аввал дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рўйи номинаи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» соҳиби диплом, ҷоиза ва маблағи 35 000 сомонӣ низ шуда буд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд