25 Ноябр 2021
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хучанд тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаҳои “Навбаҳор” ва “Дӯстии халқҳо” мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршеда Хоҷазода, ходими ҷамъиятию сиёсӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова, Далер Муродов, сармутахасиси Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, Шаҳзода Бӯтаева сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят, Наргиза Содиқова, директори ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт”, Бахтиёр Абдуҷабборов, директори ташкилоти ҷамъиятии “Фонди рушд ҷомеа”, Рустам Аҳмадзода, корманди РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, нозирони минтақавии милитсия ва иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур ин фаҳмонидани моҳият ва дарки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла "Дар бораи пешгири зуроварӣ дар оила", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ " буда, ба ин васила пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа, бахусус зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷинояту ҷинояткорӣ байни занон ва ҷавонону ноболиғон, пешгирии омилҳои шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ, муқовимат ба савдои одамон, пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, аз шабгардию оворагардӣ ва сарфакорию зиёдаравӣ худдорӣ намудан, пешгирии бемориҳои сироятӣ, даъвати ҷавонони бонангу номус ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд