23 Ноябрь 2021
ПАРЧАМИ ТОҶИК-НИШОНИ НАНГУ НОМУС
Ҳамшаҳриёни азиз!
Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо Рўзи парчами давлатӣ табрику муборакбод намуда, бароятон рўзгори обод, зиндагии пурсаодат ва ба Ватани маҳбубу соҳибихтиёрамон пешрафт ва осмони софу беғуборро таманно менамоям.
Дарвоқеъ, парчам ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, таҷлил гардидани Рўзи Парчами давлатӣ дар қаламрави кишвар нишони садоқати имрўзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаландамон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ гашта, он метавонад дар замири ҳар фарди ватандўст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дўст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.
Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр кардаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми кўҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рў, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ, аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад.
Бо назардошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии насли наврасу ҷавон, тибқи дастури Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд майдони Парчами давлатӣ ҳанўз баҳори соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хуҷандиёни меҳнатқарину ватандўст бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ва фазои орому осуда парчами ватанро боло бардошта, дар рушди ҳамаҷонибаи соҳоти кишвар саҳм мегузоранд.
Итминони комил дорам, ки минбаъд низ ҳар фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвари Хуҷандшаҳр ин анъанаи некро идома дода, бо донишу малака, дастоварду пешрафт обрўву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи олам боло мебардорад.
Бори дигар Шумо, ҳамдиёрони азизро бо ҷашни муқаддас-Рўзи Парчами давлатӣ самимона шодбод гуфта, орзуманди онам, ки ливои миллат то ҷовидон парафшон бошад ва мардуми меҳнатқарину созанда ба зиндагии шоистаи худ идома бахшад.
Ҷашни муқаддаси миллӣ муборак, ҳамдиёрон!