(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Муассисаи давлатии «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногуни шаҳр бо ифтихору саодатмандию сарфарозӣ Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан таҷлил карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар оғози суханронии худ ҳамагонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки бо фараҳмандию шукргузорӣ аз сиёсати муваффақонаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои маҳбубу муаззами миллат, эҳёгари тамаддуни тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи Шумо – ҳозирини арҷманд ва кулли сокинони шаҳри бостонии Хуҷандро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу хонаободӣ ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва ваҳдати ҷовидонаро таманно менамоям.

Таъкид шуд, ки бо назардошти эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрўву нуфузи мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмўъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти мамлакат вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рўзи 16 ноябр – Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ бо зиндагӣ ва амали неки худ дар сарнавишти ҳар як халқу кишвар нақши равшан гузошта, гузаштаи пурғановати халқу миллати худро барои ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, роҳи имрўзу фардоро чун машъали фурўзон нурфишонӣ мекунанд. Дар ин ҷода шахсияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи барҷаста ва маъруфи сиёсии арсаи байналмилалӣ дорои нақшу мақоми хос мебошад. Аз ҷиҳати мустаҳкам шудани пояҳои давлатдории тоҷикон ва рушду нумўъ ёфтани тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Дар таърихи навини халқи тоҷик дастовардҳои истиқлолияти кишвар ва амалҳои бунёдкоронаи ин шахсияти бузург бо ҳамдигар иртиботи қавӣ доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ҳам асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешвои сарнавиштсози тоҷикон мебошанд. Ба шарофати сиёсати бунёдкорона ва созандаи ин марди бузург Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргириҳои дохилӣ раҳоӣ ёфта, имрўз чун давлати соҳибихтиёр дар харитаи ҷаҳон ҷой гирифта, онро тамоми мардуми дунё мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне дар вазифаи раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба остонаи сиёсати сатҳи баланд қадам гузоштанд, ки мамлакат дар вартаи ҳалокат қарор дошт.

Раиси шаҳр афзуд, ки набояд фаромӯш сохт, ки пас аз кўшишҳои пайгирона ва маслиҳату машваратҳои тўлонии нерўҳои солимфикри ҷомеа ниҳоят имконият даст дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шўрои Олӣ баргузор гардад. Ин ҷаласа, ки дар он паёми ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик ба таври қатъӣ садо дод, дар таърихи Тоҷикистони навин марҳилаи наверо боз намуд. Тоҷикистон соҳиби Ҳукумати қонунӣ гардид ва роҳбари арзандаи хешро интихоб намуд. Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба маснади олии давлат баромад, ки воқеан миллӣ ва аз миёни мардуми заҳматкаш буд ва аз орзуву ормон ва дарди миллат огоҳии комил дошт.

Зикр шуд, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Маҳз ба шарофати ин Иҷлосия шаҳрвандони Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии давлатро дарк ва баробарҳуқуқию дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави мамлакатро қабул намуданд. Қабули Конститутсия ва дар асоси он интихоб намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ ҷумҳуриро ба сўи таҳкими ҳокимият ва бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳидоят менамуд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали Истиқлолият, ки давраи ниҳоят вазнин, вале сарнавиштсоз буд, ба хотири таъмини сулҳу субот, барқарор кардани низоми конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, ташкилу амалӣ намудани низоми идоракунии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош ва кўшишу заҳмати беандоза ба харҷ доданд.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббускориҳои наҷиб, ибрати шахсӣ ва иродаи нерўманди худ ҷиҳати таъмини амнияту осоиштагӣ, рушду нумўи мамлакат ҳамчун Пешвои миллат халқро ба созандагиву бунёдкорӣ ва худшиносии милливу ватанпарастӣ ҳидоят менамоянд. Ин аст, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати ваҳдатофари Пешвои муаззами миллатро чун намунаи олии ибрат дониста, сиёсатмадорони дунё онро бо дарки баланд пазируфтаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахшонтарин чеҳра, нахустин тоҷике дар таърихи навин мебошанд, ки дар маснади муаззами роҳбарӣ паёмҳои миллии моро дар паҳнои ҷаҳон интишор доданд ва бо хираду ҷасорати беназир Тоҷикистонро бо он ҳама сармояҳои бузурги фарҳангӣ дар бунёди давлати миллии демократӣ барои кулли кишварҳои дунё шинос намуданд.

Роҳе, ки то расидан ба мақоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли ҷавонмардӣ, ҳирадмандӣ ва сарбаландӣ тай намуданд, роҳи пур аз заҳмат буд. Тоҷикон бо ҳидояти ин фарзанди фарзонаи миллат, ки бо ҷасорат ва садоқати беандоза масъулияти дирўзу имрўз ва фардои миллатро бар дўш гирифта буд, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бунёд ниҳоданд ва ҳама заминаҳо ва василаҳои рушди сиёсӣ ва маънавии онро фароҳам оварданд.

Аз замони ба даст овардани ваҳдати миллӣ сӣ сол аст, ки Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ пеш меравад.

Имрўз каломи Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин ва баландтарин минбарҳои ҷаҳон садои миллати тоҷик аст, ки дар фазои сиёсии ҷаҳон бо ғуруру ифтихор, бо камоли шоистагӣ садо медиҳад. Бо ҳидояти ин шахсияти оламшумул миллати тоҷик дигарбора мақоми таърихӣ ва ҷаҳонии худро эҳё намуд.

Дар анҷоми суханронии худ шаҳрдор изҳори умедворӣ намуд, ки дар оянда низ Ватанамон ҳамеша обод, эътибораш доимо афзун ва ба бахти миллати мо Пешвои маҳбуб ва сарвари саодатофарини мо ҷовидона боқӣ бимонанд.

Барномаи фарҳангии аҳли санъати шаҳр бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...