(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Пешрафти давлат ва ҳаёти ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад

Кулли кормандон ва собиқадорони мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷандро ба ифтихори ҷашни касбӣ, яъне Рўзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихоратон комёбиҳо орзу менамоям.

Пешрафти давлат ва ҳаёти ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зимаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.

Мақомоти милитсияи тоҷик аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиылолияти давлатии ҷумҳурӣ сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёд, дар якҷогӣ бо дигар мақомоту сохтори низомӣ аз ўҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳиму душвор - барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии орому осудаи мардуми кишвар дар навбати аввал, аз вазъи риояи қонунҳо, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа вобастагии мустақим дорад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳад.

Ҳар қадаре ки шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин бошад, ҳамон ыадар қудрату тавоноии давлат зиёд гардида, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони шаҳр таъмин мешавад.

Рўйдоду таҳаввулоти пурпечутоби ҷаҳони имрўза, бахусус ҷангу нооромиҳои шадид дар баъзе аз кишварҳои Шарқи наздик ва минтақаҳои дигар, гуреза шудани миллионҳо нафар мардуми бегуноҳ, хароб гардидани садҳо шаҳрҳои ободу таърихӣ, осори фарҳанги ҷаҳонӣ ва шикастани пояҳои давлатдории баъзе кишварҳо бори дигар дастоварди ниҳоят пурарзиш ва бозёфти нодир будани истиқлолияту озодӣ, соҳибватанӣ ва сулҳу ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистонро собит месозад.

Дар назди милитсия вазифаҳои муҳим ба монанди тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии шомилшавии насли наврасу ҷавон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ меистанд. Ин нуктаҳо мунтазам дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода садо медиҳад.

Имрўз бо боварӣ метавон гуфт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ҳамчун як шохаи муҳими Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми донишу малака ва таҷрибаи хешро баҳри оромиву осудагии халы, амну субот ба кор мебаранд ва сулҳу оромиро дар кишвар пойдор созанд. Давлату ҳукумат меҳнату заҳматҳои собиқадорони милитсияро ҳаргиз фаромўш намесозад, зеро онҳо беҳтарин лаҳзаҳои умри худро сарфи ҳифзи осоиштагии мардум намудаанд.

Бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳрро ба ифтихори ҷашни касбӣ табрик гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафу пурмасъулият, ки ба нафъи давлат, ватан ва халқи Тоҷикистон нигаронида шудааст, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, кормандони милитсия!

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...