08 Ноябр 2021
Дар доираи Олимпиадаи байналмилалии дониш — «International olympiad Antaliya 2021», ки дар шаҳри Анталияи Туркия сурат гирифт, фестивали дӯстии хонандагони дунё баргузор гардида, дар доираи он мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷумла "Футбол", "Волейбол" ва озмуни Шоҳзода ва Маликаи олимпиадаи ҷаҳонии Анталия сурат гирифт.
Дастаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар бозии "Волейбол" байни 30 дастаи иштирокчии озмун мақоми аввалро касб намуда, бо ҷоми Олимпиадаи ҷаҳонӣ сарфароз гардонида шуд. Бояд қайд намуд, ки дар бозии финалӣ хонандагони Литсей дастаи Мактаб барои хонандагони болаёкати "Илим" - и Ҷумҳурии Қирғизистонро мағлуб намуданд.
Дар бозии футбол бошад, хонандагони литсей байни 30 даста мақоми 2 умро ишғол намуданд.
Ҳамчунин Ясмина Аҳророва - хонандаи синфи 9 литсей дар озмуни Маликаи олимпиадаи ҷаҳонӣ ғолиби озмун ва Шукрулло Нарзуллоев хонандаи синфи 7 литсей барандаи озмуни Шоҳзодаи олимпиадаи ҷаҳонӣ гардида, ҳамагӣ бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд