(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр аз фаъолияти нуҳмоҳаи шуъбаи маорифи маҳомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд натиҷагирӣ карда шуд.

Муҳайё Акмалхўҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд доир ба фаъолияти маорифчиёни шаҳр давоми 9 моҳи соли ҷорӣ иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки дар шаҳри Хуҷанд 50 мактаб, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, аз он ҷумла 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 13 мактаби хусусӣ, 1 мактаб интернати давлатӣ барои кўдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, 1 комплекс кўдакистон-мактаби махсус барои кўдакони ҳувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамояд.

Мувофиқи нақшаи солона дар соли 2021 - 377 нафар омўзгорони фаннӣ ва кормандони соҳа барои аз такмили ихтисос гузаштан ба нақша гирифта шудааст. Дар нӯҳ моҳи соли 2021 - 570 нафар омўзгорони фаннӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курси такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф гузашта, савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки он ба ҳисоби миёна 151%-и наҳшаи солонаро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 27 номгўи китоби дарсӣ ба теъдоди 41 490 адад ба маблағи 656 553-00 сомонӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиҳи эҳтиёҷи муассисаҳои таълимӣ дастраси хонандагон гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд 49 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 33 кўдакистонҳои давлатӣ, 16 кўдакистонҳои хусусии «Дилоро», «Афсона», «Навбаҳор», «Офтобак», «Маркази омўзиш- Академияи бачагона», «Раҳнамо», «Раҳматулло», «Гули Ҳаёт», «Нутқи бурро», «Суғдиён», «Ҷаҳони Орзу», «Ҳушёрак», «Парвози тобон», «Андалеб», “Хуршеди Истиқлол”ва “Меҳросо” фаъолият менамоянд.

Ҳамагӣ дар 49 муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр 10001 нафар кўдакон фаро гирифта шудаанд. Аз онҳо, дар кўдакистонҳои давлатӣ - 9334 нафар тарбиятгиранда, дар кўдакистонҳои хусусӣ- 667 нафар кўдакон тарбия мегиранд. Дар Марказҳои инкишофи кўдакон 203 нафар ва дар кўдакистони Президентӣ 1216 нафар кўдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Тибҳи маълумотҳои оморӣ дар шаҳри Хуҷанд 19679 нафар кўдакони синни томактабӣ ба ҳайд гирифта шудаанд, фарогирӣ ба кўдакистонҳои шаҳр 58,8 %-ро ташкил медиҳад.

Дар муассисаҳои таълимии томактабии шаҳр ба таълиму тарбияи кўдакон 483 нафар мураббиён фаъолият мебаранд.

Таъкид шуд, ки ки имсол 2 нафар омўзгорони шаҳр Ачилов Ҳусейн ва Бобоҷонов Ҷўрабой ба гирифтани Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омўзгорони фанҳои даҳиҳ, табиатшиносӣ ва риёзӣ мушарраф гардида, 2 нафар омўзгорони шаҳр Иброҳимов Мўъминҷон ва Ҳошимова Шаҳло ба гирифтани Ҷоизаи Раиси вилоят мушарраф гаштанд.

Инчунин, 4 нафар хонандагони болаёқати шаҳр - 2 нафар аз муассисаи таълимии литсейи донишкадаи политехникӣ ва 2 нафар аз литсей барои хонандагони болаёқат, ки ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд, бо туҳфаи пулии Раиси вилоят сазовор шуданд.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-44, Қарори Раиси вилоят аз 30.03.2021 сол, №140 оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва баҳри амалисозии «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, даҳиҳ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040», рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби бештари хонандагони муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омўзишӣ фанҳои риёзӣ, даҳиҳ даври якум ва дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» дар миҳёси шаҳр дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат», ки санаи 22 сентябри соди ҷорӣ дар Мактабии Президентии шаҳри Бўстон баргузор гардид, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба гирифтани 14 ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гашта, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миҳёси вилоят мебошад.

Дар соли таҳсили 2020-2021 - 12 нафар хонандагони шаҳр муассисаҳои таълимиро бо аттестати аъло ва медали тиллою нуҳра хатм карданд. Аз онҳо 9 нафар бо медали тилло ( 2 нафар хонандагони гимназияи №1, 2 нафар хонандагони ЛДП, 2 нафар аз МТУҒ “Ирфон”, ва 1 нафарӣ МТМУ №28 ва гимназияи №4, гимназияи “Гете”) ва 3 нафар бо медали нуҳра (1 нафар литсейи №1 ва 2 нафар хонандагони литсейи ДДҲБСТ) мебошанд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 6 нафар хонандагони МТМУ №5,7,22, гимназияи № 1, 4, литсейи №1 барандагони Стипендияи Президентӣ ва 77 нафар барандагони Стипендияи Раиси шаҳр гардиданд.

Соли ҷорӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори 89 ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки аз он ҷойи 1- 14 нафар; ҷойи 2-21 нафар; ҷойи 3- 54 нафар мебошад.

Санаи 13 июни соли ҷорӣ дар МДТ «Мактаби байналмиллалии Президентӣ барои хонандагони болаёҳат» дар шаҳри Душанбе 42-юмин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи 20 бахш гузаронида шуд. Дастаи шаҳри Хуҷанд бо чунин натиҷаҳо корҳои илмии худро ҳимоя намуда, сазовори

Ҷои 1 - 37 нафар

Ҷои 2 - 13 нафар

Ҷои 3 - 7 нафар

Сипоснома - 6 нафар

Узви вобаста - 19 нафар

Узви ҳақиқӣ - 15 нафар, дар маҷмуъ ҳамагӣ соҳиби 96 нафар мақомҳои ифтихорӣ гардиданд.

Инчунин, иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ тариҳи онлайн, ки аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо пешниҳод мегардад, зиёд гардида истодааст. Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ, фосилавӣ то имрўз 762 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ ба гирифтани 16 ҷойи ифтихорӣ, лоиҳавӣ ва фосилавӣ - 271 нафар сазовори ҷойхои намоён гардиданд.

Имсол низ Тибҳи созишномаи тарафайн байни давлатҳои Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи фарҳанг ва маориф 33 нафар хонандагони синфи 11 “Гимназияи ба номи И.В.Гёте” соҳиби дипломи DSD II гардида, аз онҳо 3 нафар барои гирифтани идрорпулиҳои байналмиллалӣ (56.600 евро ҳар яки онҳо) сазовор гаштанд. 2 нафар ба гирифтани идрорпулии DAAD - хадамоти мубодилаи академии Олмон дар шаҳри Бонн ноил гашта, яке донишҷўи Донишгоҳи педагогии шаҳри Марбург, дигаре донишҷўи Донишгоҳи тиббии шаҳри Байделберг дониста шуда, аз 4 то 9 соли хониш ройгон таҳсил хоҳанд кард.

Муҳайё Акмалхӯҷаева дар анҷоми суханронии худ таъкид дошт, ки шуъбаи маориф минбаъд низ баҳри амалӣ намудани дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талошҳои созанда намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, сатҳи донишу ҷаҳонбинии хонандагон, тарбияи насли солиму созандаи насли наврас бахшида ба солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, даҳиҳ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» саъю талош менамояд.

Сипас, ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои дастоварди меҳнатӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ сипосномаҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...