(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаи 14 октябри соли 2021 тақрибан соати 14:30 ба духтури тибби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №4-и шаҳри Хуҷанд утоқи кории №16 Файзиева Саноат ва ҳамшираи тибби оилавӣ Одинаева Фархунда шаҳрванд, ки ному насаби худро муаррифӣ накарда, барои қабули фарзандаш Карими Ризвон муроҷиат мекунад.

Аз тарафи духтури тибби оилавӣ Файзиева С. барои муайян намудани духтури вобаста шуда пурсида шуд. Аз ҷониби шаҳрванд баён карда шуд, ки ман доимо ба утоқи 15 муроҷиат менамудам. Дар асл шаҳрванд суроғаи ҷои зисти худро аввал маҳаллаи 34 ва баъд маҳаллаи 33 шубҳанок ҷавоб медиҳад. Баъд аз тарафи ҳамшираи тибби оилавӣ, ки ба маҳаллаи 32 вобаста аст картаи амбулатории шакли 024-и кўдак дарёфт шуда, пешкаш мегардад. То вақти дарёфт намудани картаи амбулатории шакли 024-и кўдак аз тарафи шаҳрванд ба коркунони тиб суханҳои қабеҳ ва ниҳоят паст, ки дар ҳақи зан гуфта намешавад баён карда мешавад. Дар ин ҳолат аз тарафи ёрдамчии духтур Одинаева Ф. таъкид карда мешавад, ки инҳо аз синну сол аз мо калон, муошират ва муносибати дуруст намоед. Шаҳрванд бошад баъди ин суханҳо яку якбора хеста фарзандашро ба замин гузошта аз мўи сари ҳамшира Одинаева Ф. қапида якчанд маротиба ба девор мезанад. Ҳангоми баланд шудани овоз аз дигар утоқи корӣ ҳамшираҳо огоҳ шуда барои ҷудо намудан дахолат мекунанд. Дар ин ҳолат ҳамшира ҷароҳат бардошта бехуд шуд, барои он, ки Ў ҳомиладор будааст. Баъд аз ҷудо кардани ин муноқиша шаҳрванд дарк намуд, ки рафтораш тамоман нодуруст ва ҳамшира дар ҳолати беҳолӣ қарор дорад дарҳол телефонашро гирифта ва барои худро муҳофизат намудан ба наворгирӣ даромадааст. Баъд аз ним соати ҳодиса бародари шаҳрванд расида омада ҳолатро дида аз номи хоҳараш бахшиш пурсид ва илтимос намуд, ки ба ягон мақомот муроҷиат накунед ва баён намуд, ки хоҳари ман якчанд сол боз дар шаҳрҳои Руссия кор ва зиндагӣ дорад, асабаш вайрон мебошад.

Ваъда дод, ки пагоҳ хоҳараш ҳамроҳи модараш омада узру бахшиш мепурсад. Санаи 15.10.2021 сол бинобар ҳолати ҳамшираи тибби оилавӣ Одинаева Ф. вазнин шудан бо ҳамроҳи шавҳараш ба шўъбаи корҳои дохилии Соҳили рост муроҷиат менамояд. Аз тарафи кормандони ШКД ба экспертизаи судии тиббӣ равон карда мешавад ва баъдан ба Беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ мегардад. Оиди бистарӣ шудан аз тарафи Беморхонаи шаҳрӣ иқтибоси картаи бемории бистаришуда №8541/925 ва маълумотномаи №69 оиди корношоямӣ пешкаш карда шудааст. Ҳодисаи мазкур дар байни кормандони Марказ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба риояи одоби муошират бо беморон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Айни ҳол масъалаи мазкур аз ҷониби мақомотҳои дахлдор мавриди санҷиш қарор дорад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки то ҳол ному насаби шаҳрванд ба таври бояду шояд аниқ нест.

Ҳодисаи мазкур дар байни ҷомеаи меҳнатии кормандони марказ мавриди баррасӣ карор дода шуда, оид ба риояи одоби муошират бо беморон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд.


Маъруфҷон Ҳоҷибоев,
муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...