(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нўҳ моҳи соли 2021 ҷаласаи фаъолон баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар кори он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини аввал, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, мудири шуъба ва сардори идораҳои шаҳрдорӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон ҳузур доранд.

Сипас, Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба бурду бохти шаҳрдорӣ давоми 9 моҳи соли равон иттилои муфассал дода, аз ҷумла афзуд, ки дар соли таърихии ҷашнгирии 30 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми Хуҷандшаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешида, барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми иқтидорҳою имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Боис ба тазаккур аст, ки дар ин ҷода кулли сокинони шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун андешида, дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ саноатчиёни шаҳр ҳадафи чоруми Стратегии миллӣ саноатикунонии босуръати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, новобаста аз омилҳои ба вуқуъ пайваста чораҳои судмандро амалӣ намуданд. Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба маблағи 985,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 млн. сомонӣ зиёд таъмин шудааст. Аз ин миқдор ба маблағи 249,1 миллион сомонӣ маҳсулотҳо ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 126,0 фоизро ташкил дода, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Дар ин давра 15 адад корхонаҳои нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 179 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби ин корхонаҳои нав ба маблағи зиёда аз 19,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда, иловатан 164 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Инчунин аз ҷониби 71 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 410,8 млн. сомонӣ истеҳсол гардида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 97,8 млн. сомонӣ ё 31,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра номгўи маҳсулотҳои асосии истеҳсолшаванда низ 26 намуд зиёд шуда, 130 намудро ташкил дода, аз онҳо истеҳсоли 87 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 100,0 фоиз таъмин шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулотҳои саноатии истеҳсолшаванда асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маргарин, ранг ва қумпардозии минералӣ, меваи хушк, дўхтани либоси варзишӣ, дўхтани либоси ҳарбӣ, ноқилҳои электрикӣ ва маҳсулоти дару тирезаҳои муосир мисол шуда метавонанд. Дар ин давра дар шаҳри Хуҷанд тибқи иҷроиши дастуру супоришҳо ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди нави истеҳсоли маргарин ва равғани зарди ҶДММ “Субҳи заррин”, корхонаи истеҳсоли матои духобаи “Текстилимпекс”, хатти нави истеҳсолӣ дар ҶДММ “Хуҷанд Агро” ва корхонаи коркарди маҳсулоти ордӣ ва нонӣ СИ Ҷумъабой Абдулҳакимов ифтитоҳ гардид. Дар ин корхонаҳо бо истифода аз технологияи муосир коркарди маҳсулоти воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шудаанд. Ин чораҳои андешидашудаи босубот, барои зиёд гардидани иқтидори истеҳсолии маҳсулотҳои рақобатпазиру воридотивазкунанда, ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва манбаҳои андоз ба буҷети давлатӣ заминаи устувор гузоштанд.

Дар давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ баҳри таҳкими соҳаи саноат аз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидорҳои нав, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ зиёда аз 13,8 млн. сомонӣ сармояҳои дохилию хориҷӣ ҷалб карда шудааст, ки он барои рақобатпазирии маҳсулотҳои воридотивазкунанда мусоидат намуда истодааст. Бояд зикр намуд, ки дар стратегияи рушди кишвар афзалияти бештар ба рушди соҳаи энергетика дода шуда, ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ аҳамияти рўзафзун дорад. Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти идораи фурўши барқи шаҳр ба миқдори 448,9 миллион кВт/соат нерўи барқ интиқол карда шуда, маблағи пардохти умумии он 165,1 млн. сомонӣ ё 109,3 фоиз, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 73,0 млн. сомонӣ ё 118,8 фоизро ташкил менамояд. Дар раванди таҳкими инфрасохтори соҳаи коммуникатсияи шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар ин давра тавассути ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт 1,9 миллион тонна бор ва 41,6 миллион нафар мусофирон кашонида шуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта мутаносибан 105,5 ва 103,6 фоизиро ташкил медиҳад.

Бахтиёр Боқизода роҷеъ ба раванди корҳои бунёдкорию ободонӣ дар шаҳр иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва дар асоси иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 ва Амри Раиси шаҳр нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2018 чораҳои амалӣ андешида, соли ҷорӣ ҳамаи 37 иншоотҳои таъиноташон гуногуни дар соли 2021 ба нақша гирифташуда, сохта ба истифода дода шуда, дар ин замина 765 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Аз ҷумла, 3 адад муассисаи томактабӣ, 3 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 4 адад маркази тиббӣ, 11 адад майдончаи варзишӣ ва бозии кўдакон, 1 адад маркази савдо, 6 адад маркази хизматрасонӣ ва 9 адад дигар иншоотҳои таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода шуд.

Бо мақсади ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр зам намудани ҳусну таровати замонавӣ 533 адад лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо, равшанкунакҳо ва шилшилаҳои муосир, 50 метр дюралайт, 57 адад равшанкунакҳои светодиодӣ таъмир, иваз ва насбу васл карда шуда, 77 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 121 адад даромадгоҳҳо ва 6 адад лифтҳо, 6,8 ҳазор м2 боми биноҳо ва 1 ҳазору 62 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд.

Илова бар ин, давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ 51,01 км роҳҳо таъмир карда шуданд, аз ҷумла 33,95 км таъмири асосӣ ва 17,06 км таъмири ҷорӣ ба иҷро расонида шудааст. Асосан корҳои иҷрошуда аз ҳисоби буҷети вилоят 8 млн. 378,8 ҳазор сомонӣ, аз буҷети маҳаллӣ 5 млн. 919,5 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 6 млн. 414,4 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 845,6 ҳазор сомонӣ, ҳамагӣ 21 млн. 558,3 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Баҳри кабудизоркунию ободу сабзгардонии кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 2 ҳазору 708 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, 1 млн. 363,8 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ, 46,0 ҳазор адад буттагули садбарг, 55,0 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг, 37,0 ҳазор дона карнайгул, 655,8 ҳазор дона пиёзаки гули лола шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.

Илова бар ин, аз тарафи корхонаву ташкилотҳо, мактабу донишкадаҳо ва соҳибкорон дар маъракаҳои шанбегӣ 3 ҳазору 56 адад дарахтони мевадиҳанда, 1,0 ҳазор адад дарахтони ороишӣ ва 2,8 ҳазор дона гулҳои ороишӣ шинонида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчун самти афзалиятнок ба рушди соҳаи маориф таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда шуда, бо мақсади тақвият бахшидан ба омўзиши фанҳои дақиқ, илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникӣ, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва дар доираи озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурўғи маърифат” 60 адад маҳфилҳои “Ровиёни беҳтарин”, “Шеърдўстони беҳтарин”, “Техникони наврас”, “Математикони ҷавон”, “Барномасозон” ва “Табиатдўстони ҷавон” дар муассисаҳои таълимӣ амал намуда истодаанд.

Ҷиҳати иҷрои талаботи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташкилу баргузор намудани Озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» даври шаҳрӣ ва вилоятии озмунҳои мазкур дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардида, ҷиҳати иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ омодагӣ дида истодаанд.

Дар ин давра 570 нафар омўзгорони фаннӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курси такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф гузашта, савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки он ба ҳисоби миёна 151 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаи маориф дар давраи ҳисоботӣ 84 нафар омўзгорон ба маблағи 91ҳазору 360 сомонӣ ба осоишгоҳҳо роҳхат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд.

Ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии соҳа барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 144 адад компютер, 35 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шудааст. 20 адад муассисаи таълимӣ бо китобхонаи электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Аз рўйи ҷамъбасти олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 27 нафар хонандагони синфи 11 барои гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ 24 нафар хонандагони синфҳои 9-10 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамиятӣ-гуманитарӣ сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон 25 нафар хонандагон барои гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор шуданд.

Дар соли таҳсили 2020-2021-ум 12 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо аттестати аъло ва медали тиллою нуқра хатм карданд.

Дар соли таҳсили 2020-2021-ум 6 нафар хонандагон барандагони Стипендияи Президентӣ ва 77 нафар барандагони стипендияи Раиси шаҳр мебошанд.

Тазаккур бояд дод, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди хониш бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Пўлотов” ва мактаби “Оксфорд” ба истифода дода шуданд. Инчунин, муассисаи томактабии №35, кўдакистонҳои хусусии “Меҳросо” барои кўдакони ятим ва нимятим ва “Хуршеди истиқлол” мавриди истифода қарор дода шуданд.

Вобаста ба соҳаи тиб таъкид шуд, ки дар шаҳр баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 96 адад муассисаҳои тиббии давлатӣ ва хусусӣ амал мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 6 ҳазору 300 нафар кормандони соҳаи тиб адои вазифа доранд. Тазаккур бояд дод, ки дар ин давра якчанд муассисаҳои соҳаи тандурустӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки инҳо Маркази микроҷарроҳии лазерии чашм «Босира», муассисаҳои дандонпизишкии «Винир»,“Сифат” ва муассисаи давлатии дандонпизишкӣ мебошанд. Зикр бояд намуд, ки вобаста ба ташвишовар гардидани вазъи эпидемиологии сироятёбии аҳолии шаҳр ба бемориҳои илтиҳоби шадиди шуш ва короновируси навъи COVID-19 фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар сатҳи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бистарикунонӣ мувофиқ ба талаботҳои ситоди ҷумҳуриявӣ ва Вазорати тандурустӣ дар ҳолати пандемикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин радиф ҷиҳати пешгирии бемории сироятӣ мунтазам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида шуда, маъракаи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 бомаром идома дорад.

Сипас Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба фаъолияти сохторҳои зери тобеъият баромад намуд.

Дар ҷараёни маҷлиси фаъолон Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба камбудиҳои як қатор соҳаҳо изҳори назар карда, ислоҳи таъҷилии онро талаб намуд. Ҳамзамон таваҷҷуҳи асосӣ ба равнақи корҳои ободонию созандагӣ, сифатнок иҷро намудани нақшаҳои даъвати тирамоҳии наваскарон, буҷети давлатӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайраҳо дода шуд ва роҳбарони дахлдор муваззаф гардиданд. Нақши калидии масъулини кор бо занон ва оила, ҷавонон, робита бо ҷомеа, маҳаллаҳоро дар самти пешбурди сиёсати Давлату Ҳукумат таъкид гардида, аз эшон талаб карда шуд, ки ҷиҳати таҷдиди назари кору фаъолият чораҳои бетаъхир андешанд.

Дар ҷараёни кори ҷаласа ба роҳбарони сохторҳои ободонӣ ва коммуналӣ барои омодагӣ ба зимистон ва хизматрасонии босифат ба мардум дастуру супоришҳо дода шуд.

Шодихон Ҷамшед, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд баромад намуда, доир ба самти пешравиҳо дар шаҳр андешаронӣ намуда, ҳамзамон баҳри тақвияти корҳои ободонӣ, суръатбахшии иқтисодиёт ва маҷмуан рушди соҳоти мухталифи шаҳрдорӣ ба фаъолон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи фаъолияти нўҳмоҳаи шаҳрдориро натиҷагирӣ намуда, барои фаъолияти пурсамар ва рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар давраиҳои минбаъда масъулини дахлдорро вазифагузорӣ намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...