(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳар кӣ бар худ нест фармонаш равон,

Мешавад фармонпазири дигарон.

М.Иқбол


Мақолае, ки таҳти номи фавқ ба таваҷҷуҳи хонанда расонида мешавад, тобиши ҳушдоргуна ва тадқиқоти таҳлилиест, ки бо мақсади канорагирӣ аз иштибоҳҳои замона ва такрори ҳодисаҳои таҳрикомези хатарзои гузашта ва барои посухи қотеъ ба раҳбарони ҳаракати мутлақандеш ва вопасгарои «Толибон» (созмони террористии манъшуда дар давлатҳо-аъзои ИДМ) нигошта шудааст.

Саволҳое, ки имрӯз зеҳни ҳар як фарди бедори ҷомеаро халалдор менамояд, ин аст, ки чаро толибон  маҳз бо гирифтани қудрат ба ҷониби Тоҷикистон  сангпартоӣ менамоянд? Мақсади онҳо аз ишораҳои нораво ба Тоҷикистон бо гӯшзади «ҳар амал подоши худро дорад» чӣ паёме дорад? Таҳкурсии таҳдиду хатарҳои толибон оё таҳкурсии воқеӣ дорад ё не? Оё толибон иқтидори ҷангии кофӣ доранд, ки ҷангҳои ниёбатӣ (гибридӣ) дар қаламрави кишварҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро роҳандозӣ намоянд?

Ҷавоб дар мадди аввал бисёр одӣ ба назар мерасад. Њукумати аввали толибонро маҳз тоҷикон шикаст доданд, зеро дар тӯли 5 соли ҳокимияташон аз соли 1996 то 2001 аз халқ фосила гирифта дар музахрафоти мазҳабӣ вомонда, арзишҳои кӯҳнаи дар умқи асри миёна ғӯтаварро паҳн мекарданд. Сабаби аслӣ аз он иборат аст, ки ҳаракати қурунивустоӣ пойгоҳи мардумӣ дар вилояту шаҳрҳои форсизабонони Кобул,  Мазори Шариф, Толуқон, Бадахшон, Саманон, Бағлон, Ѓур, Фароҳ, Нимрӯз, Чоряккор, Парвон, Панҷшер, Ҷузчон, Њирот, Сарипул надорад ва ин монеаи айниву зеҳниро бароварда аз ҳузури барҷастаи тоҷикони Афғонистон медонад. Дар он замон, ҳамчун бегона ҳукм меронданду афкори зиддитолибии мардумро дар мадди назар намегирифтанд, ки «оқибати кор ҳар он чи кошт, он даравад»-ро ба бор овард.

Сараввал, гуфта шавад, ки толибон, он кӯҳнандешони аср ва   кӯтаҳфикрони  ҳошиясози таърихӣ на нақша доранд дар зиндагиву на ақлу  тамиз, ки тавони ба сӯи ин тарафи Омӯ амале анҷом диҳанд. Толибон бо тиннати анъанавии ғафлатзадагие ки доранд, намедонанд, ки дар сурати кӯшиши халалдор кардани сарҳади давлатии Тоҷикистон хати пеши ҷабҳаи ҷанг аз маҳаллаи Хайрхона ва Кӯҳдомани  Кобул ва ҳироту Мазори Шариф  хоҳад гузашт, ки аҷдодони сарбадори тоҷики ин минтақа чандин бор бобоёни ин ноқилини ҷанубии  кӯҳҳои Сулаймонхелро лагадмол ва пузашонро ба хок молида буданд.

Ҷиҳати мағзшӯии толибони имрӯза бояд таъкид гарад, ки тоҷикҳо ҳамчун халқи фарҳангсолор  ва тамаддунсоз дар имтидоди таърих ҳамеша нақши маърифатпарвариро дар байни мардуми Шарқ, хусусан дар байни қабилаҳои кӯчии паштун, ки дар даврони амири қотил Абдураҳмон дар солҳои 1895 - 1900 ба вилоятҳои тоҷикнишини Марказ ва Шимол  ба таври оммавӣ кӯчонида шуда буданд, ифо намудааст.

Омили дигаре, ки ҳар тоҷики закиву доно бояд бидонад, ин аст, ки аслофи толибон аз Аҳмадшоҳи Дурронӣ, Дӯстмуҳамадхон, Шоҳ Шуҷоъ,  Шералихону  Њабибиллохону Амонуллохону Нодиршоҳ то Ашраф Ѓанӣ Аҳмадзай ҳамвора бо кишварҳои хориҷӣ муомилаҳои сиёсии машкукро роҳандозӣ карда,  Хуросони таърихиро ба хасму хун мекашониданд. Як назари иҷмолӣ ба муоҳидаи  Абдураҳмонхон бо котиби 2-юми сафорати англис Дюранд дар соли 1897 кофист, ки дида шавад, ки Хуросони таърихиро ду тақсим кард.  Ин тоҷикони Хуросон бо форсивони ҳазораву туркони порсигӯ  буданд, ки ба ин муомилаҳои шубҳаноки онҳо ҷавоби рад дода, лашкари мардумиро мунсаҷим карда, посухи дандоншикан ба муомилагарони қабила ва ёрони вафодорашон дар симои хориҷиҳои истилогар медоданд.  Замоне, яке аз аз лашкаркашони тоҷик бо номи Мир Ѓулом Ќодири Упёнӣ дар сурате ки ҳама амирони паштутабор аз майдони ҷанги 2-юми афғону англис  по ба фирор бурда буданд, гуфта буд:


Мекунам девонагӣ то бар сарам ғавғо шавад,

Сикка бар зар мезанам, то соҳибаш пайдо шавад.


Маҳз ба ҷасорат, дониш ва биниши орифонаи тоҷикон аҷдоди қабилаи биёбонӣ рангу бўи тоза ёфт, низоммадор шуду  ба расмият даромад. Тафаккури миллии умумиафғонӣ то андозае  шакл гирифт. Тоҷикҳо ҳамеша нақши омӯзгорро барои дигарон мебозиданд, ки аз забони онҳо ба гуфтаи адиби шинохта «баробари оҳанги дардҳои миллат, навои ҳузнангези иллатҳои миллат низ шунида мешуд».

Толиби миёнаоморӣ, ки ҳоло кадуро аз бодиринг фарқ намекунад, аз ҷумлаи афроде ҳаст, ки танҳо пазириши арзишҳои ботил ва хоми ифротиро дораду  худхоҳу мағрур аст, балки нисбат ба инсонҳо нафрати беандоза дорад. Ҷанҷолдӯстдору пархошгар аст. Агар ин хислатҳо ёру ёвари  ӯ намебуд, оё мақолеро ба ёд намеовард, ки «Хар чӣ донад хӯрдани қанду набот,тӯрбаи каҳ бошаду кунҷи работ», ки он боризтарин баёнгари ҳувияти толиби имрӯза аст. Ин толиб намедонад, ки Тоҷикистон ҳеч гоҳ афроди  муомилагар надоштааст, ки раҳи терористонро барои кӯчаву гузараш ҳамвор кунад. Тоҷикон урдуи муосир ва рӯҳияи ҷангии олӣ доранд. Онҳо дар умқи кӯҳҳо ҷой гирифта дар ин 100 соли охир аз кӯҳистон шаҳристон сохтанд, аз кӯҳ сангар дуруст карданд барои рӯзи мабодо. То яке аз рӯзҳо, қабри душманро дар тепау талаи кӯҳистон чуқур бикананд.  Тоҷикони ин Пори рӯди  Омӯ 30 сол аст, ки таҷрибаи ҷангӣ касб кардаанду давлати соҳибистиқлол сохтанду ташнаи муҳорибаанд,  ки ҳам худ ва ҳам ҷаҳониёнро аз вабои аср бо номи толиби ваҳшимизоҷ  раҳо бахшанд.

Душманони даҳр ва ноқобилони қабилавӣ  надонанд, ки оқилон аз як сурох, ду бор барнаоянд. Сангари адолатпарваронаи муборизаи тоҷик шиор ва нишони  мушаххас дорад:


Дил ба раҳи Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?

Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?

Дар ғаму шодиаш шарик, ман нашавам, кӣ мешавад?

Ҳифзу вафои он шиор, ман накунам, кӣ мекунад?

Сангзода  Шерафкан, коршиноси умури сиёсӣ

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...