(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 28- уми шаҳри Хуҷанд бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии мазкур дар иртибот ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 2980 метри мураббаъ барои зиёда аз 1200 нафар хонанда дар ду баст бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур бо ҷалби зиёда аз 100 нафар коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мубин» бо сифати баланд ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир анҷом дода шудаанд.

Бинои Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов» аз таҳхона ва се ошëна иборат буда, дорои 31 синфхона, аз ҷумла 2 ташхисгоҳи фаннӣ, 2 синфхонаи технологияи иттилоотии пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет, 2 синфхонаи технологӣ ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, кабинетҳои фаннӣ, утоқ барои омӯзиши шоҳмот, ҳуҷраҳои корӣ, китобхонаи электронӣ, толори маҷлисгоҳ барои зиёда аз 100 нафар, ошхона бо 120 ҷои нишаст, толори варзишӣ-гимнастикӣ, ҳуҷраи тиббию дандонпизишкӣ, буғхона ва дигар иншооти ёрирасон аст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.

Ҳамчунин барои хонандагон дар ин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ китобхона бунёд карда шудааст, ки дорои зиёда аз 9000 нусха китобҳои дарсӣ, бадеӣ, сиёсӣ ва дастурҳои методии таълимӣ аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити таълимӣ дар синфхонаҳо бо хонандагон суҳбати озоду самимӣ карданд ва онҳоро ба омӯзиши ҳарчи бештари донишҳои замони муосир, аз ҷумла фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи компютерӣ ҳидоят намуданд.

Дар саҳн ва атрофи бинои нави таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов» дар баробари анҷоми корҳои сабзазоркунию ободонӣ майдончаи варзишӣ, ки барои бозии футболу волейбол пешбинӣ гардидааст,  мавриди истифода қарор дода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов» аз шумули нахустин муассисаи ғайридавлатиест, ки соли 1996 таъсис ёфта, ҳадаф аз бунёди он тарбияи хонандагони соҳибистеъдоду болаёқат ва баланд бардоштани сатҳи таълим тибқи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Солҳои аввали ташкилёбӣ дар ин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ 21 нафар омӯзгор фаъолият дошт, ки шумораи хонандаҳо он вақт 78 нафарро ташкил медод.

Бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълиму тарбия шумораи омӯзгорон ва хонандагон дар ин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ тадриҷан зиёд гардид.

Айни замон дар ин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ 676 нафар хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 44 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба таълиму тарбия медиҳад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дониши хонандагон дар ин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ гузаронидани дарсҳои ғайристандартӣ, муштарак ва ҳамгиро ба роҳ монда шудааст, ки ин раванд натиҷаҳои босамар хоҳад дод.

Барои инкишофи нутқи хонандагон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо ин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ бо Асотсиатсияи Тоҷикистон оид ба мубодилаи донишҷӯён ҷиҳати таҷрибаомӯзии техникӣ ҳамкорӣ дорад, ки хатмкунандагони ин мактаб имкон доранд таҷрибаомӯзиро дар хориҷи мамлакат гузаронанд.

Шароити мусоиди таълимӣ имкон фароҳам овард, ки 57 нафар хонандагони Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов» зимни ширкат дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...