(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ЗАБОНИ МОДАРИИ МО

Ҳамшаҳриёни азиз!

Рӯзи забон яке аз падидаҳои мубораки даврони истиқлолият буда, мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол ҷашн гирифта мешавад ва барои мардуми Тоҷикистон азизу мӯътабар аст. Зеро дар ин рӯз ба забони модариамон чун ба модари худ арҷ гузошта, бо қалбҳои саршор аз меҳру ифтихор ҳофизаи таърихии худро варақгардон менамоем ва роҳи нишебу фарози забону фарҳангамонро пеши назар меорем, то аз бурду бохти таърихи хеш сабақ омӯзем.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сухарониҳояшон гуфтаанд: “...Пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони Истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ ҷойгоҳи хос гирифт”.

Ба ифтихори ин ҷашни бузург кулли мардуми Хуҷандшаҳрро табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо хушбахтиву некрӯзӣ ва дар роҳи пурифтихори ватандӯстиву ватансозӣ иродаи қавӣ орзу дорам.

Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буд ва дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ мегардид.

Миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи хеш ифтихор дорад ва бо ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда ва ба воситаи забон шинохта шудааст.

Тавоноӣ ва имкони забони мо ба ҳадде буд, ки дар тӯли ин садсолаҳои начандон мусоид ва гоҳе бисёр сахту шадид гузаштагони мо яке аз бузургтарин тамаддунҳо, ғанитарин адабиёт, зеботарин ашъор ва муассиртарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро бо ҳамин забон офаридаанд.

Имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бештари давлатҳои ҷаҳон расман мешиносанд. Ин чунин маъно дорад, ки ҷаҳон забони давлатии моро низ якҷоя бо давлатдориамон ба расмият шинохтааст.

Ба ин забон санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва осори илмиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордоди муҳими байналмилалӣ таҳия мегарданд, дар минбарҳои бузург ва мӯътабари ҷаҳонӣ забони давлатии мо танинандоз аст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ беш аз пеш маъруфият касб менамояд.

Ҳамаи ин моро водор месозад, ки ба забони худ арҷ гузорем ва барои рушду такомули он ҳамаи шароити заруриро муҳайё гардонем.

Имрӯз мо бояд кӯшиш кунем, то забони худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне ба забоне, ки ҷавобгӯи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил бошад, табдил диҳем.

Забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Пас, биёед, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бонангу ор ва посдори ҳушёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва куҳанбунёди тоҷик бошем.

Бигузор, забони тоҷик, миллати тоҷик ва фарҳанги волои тоҷик ҷовидон бошад!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...