(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва табибон ба муносибати Рўзи кормандони соҳаи тиб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Аз оғози даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки “соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст”.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мавқеи табибон беҳтар ва дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам баландтар бардошта шавад. Аз ҷумла, соли 2021-ум бо мақсади беҳтар кардани таъминоти моддиву техникии муассисаҳои тиббии вилоят, ҷиҳати ҳифзи сиҳатии омма ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ 592,4 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли сипаригардида 64,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад”.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кулли соҳаи тандурустии шаҳрро бо Иди касбиашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз ҳама арзиши олитарин маҳсуб меёбад. Ҳамин сиҳатиро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз мекунанд. Шоистаи зикр аст, ки чун анъанаи накӯ ҳамасола дар саросари кишвари азизамон дар сатҳи баланди маънавию фарҳангӣ таҷлил кардани иди касбии кормандони тиб, воқеан далели равшани таваҷҷӯҳ ва қадршиносӣ аз меҳнати софдилонаю содиқонаи кормандони соҳа аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, он бо солгарди асосгузори тибби ҷаҳон, нобиғаи оламшумул, олим, файласуф, донишманд ва бузургтарин чеҳраи илми Шарқ – Абўалӣ ибни Сино рост меояд.

Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки соли 2020 дар таърихи навини кишвар ва умуман сайёраи замин соли бисёр ҳам душвору вазнин буд, ки дар таърих таҳаввулоти азим ба миён овард. Соле, ки сипарӣ гашт барои тамоми мардуми сайёра имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт. Қайд намудан ба маврид аст, ки бемории сироятии коронавирус ё худ COVID – 19 вазъи ҷомеаи ҷаҳониро ба кулли тағйир дода, тамоми давлатҳои рӯи дунёро бо бӯҳрони вазнинӣ иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардонид. Маврид ба зикри хос аст, ки дар чунин ҳолати бисёр ҳам душвор Шумо – кормандони соҳаи тандурустӣ тавонистед бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба савганди касбии хеш бо фаъолияти шабонурӯзӣ вазифаҳои пурмасъули дар наздатон гузошташударо сарбаландона иҷро намуда, ин рисолати азалии хешро то ба ҳол идома дода истодаед ва сазовори миннатдории тамоми мардуми сарбаланди тоҷик, бахусус сазовори сипосмандии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидед.

Фирдавс Шарифзода афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар пайравӣ аз иқдомҳои ҳамешагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо истифода аз таваҷҷӯҳу ғамхории доимии Раиси вилоятамон Раҷҷабой Аҳмадзода минбаъд низ баҳри таъмини бомароми рушди соҳаи тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани кормандони соҳаро яке аз вазифаҳои муҳиму асосии худ медонад. Набояд фаромӯш сохт, ки дар ин роҳи вазнину душвор якчанд нафар сарсупурдагони халқу миллат, кормандони соҳа баҳри ҳифзи саломатии мардуми куҳанбунёдамон ҷони худро қурбон кардаанд, ки номи онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллатамон чун меросбару вориси аслии гузаштагони худ бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, он то абад боқӣ хоҳад монд ва мо насли имрӯза аз хурд то бузург хотираи неки онҳоро доимо пос медорем.

Шаҳрдор вобаста ба ҳолати ба миёномада баҳри пешгирӣ ва пурра аз байн бурдани бемории сироятии коронавирус зикр дошт, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд ва бо итминони комил иброз менамоям, ки мо танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ метавонем ба ин вабои аср дастболо гардем. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тамоми ташаббусу иқдомоти Шумоёнро ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, чун ҳарвақта минбаъд низ дар паҳлӯятон боқӣ хоҳад монд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, фароҳам овардани имконияти мувофиқ барои дастрасӣ ба тибби муосир таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, таъкид доранд, ки «Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷўҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад».

Мусаллам аст, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давраи соҳибистиқлолӣ бомаром рушд карда, то ба имрўз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Равнақи соҳаи тиб рукни муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мост. Маҳз ба шарофати сулҳу салоҳ соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон марҳала ба марҳала рушд ёфта, ба хотири вусъат додан ба ислоҳоти бунёдии соҳа, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати хизматрасонии ҳарчи беҳтари тиббӣ ба аҳолӣ ва умуман ҳифзи саломатии мардум пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.

Рушди ҳадафманди соҳаи тандурустӣ ва вусъати тоза пайдо кардани бозсозии он ба мо имкон медиҳад, ки минбаъд тавассути баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии ташхису табобат, муҳайё сохтани шароити муносиб барои густариши шаклҳои гуногуни хизматрасонии тиббӣ дар кишвар ба беҳдошти саломатии аҳли ҷомеа, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва бо ҳамин роҳ ба ташаккули миллати солим ноил гардем. Зеро саломатӣ барои инсон сарвати бебаҳост ва ҳифзу нигаҳбонии он масъулияти хеле бузургест, ки ин вазифа дар навбати аввал ба дўши Шумо – табибон вогузор шудааст. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти бузурги ҳифзи саломатии мардум ва вусъатбахшии раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамаи тадбирҳои имконпазирро амалӣ карда истодааст.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки айни ҳол тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ дастрасии кўмакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии кишвар тавсеа ёфта, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад. Зикр бояд намуд, ки дар шаҳр беҳтарин табибон ва ҳамшираҳои шафқат фаъолият намуда, вазифаи хешро сидқидилона ба иҷро мерасонанд. Ҳамчунин табибони мо бо навовариҳо дар илми муосир ба густариши соҳаи тандурустӣ нақши арзанда мегузоранд. Қобили қайд аст, ки маҳз бо садоқатмандӣ ва фидокории чандин насли табибони ҳозиқу номдори мо, ки байни мардум эҳтирому маҳбубиятро сазовор гаштаанд, мактаби бузурги табибони номдори мо то имрўз барои насли табибони ҷавон намунаи ибрат аст. Хушбахтона табибони ҷавони имрўзаи мо садоқатмандона аз ин мактаби бузурги устодони худ истифода мебаранд ва малакаи худро тақвият мебахшанд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода изҳори умедворӣ намуд, ки кормандони соҳаи тандурустии шаҳр барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳаёт татбиқ кардани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, мустаҳкам гардонидани саломатии халқ, пешгирии интишори бемориҳо кўшиши бештар ба харҷ медиҳанд. Табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмати содиқона намуда, вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро ва шарафи касби пурифтихори худ, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд.

Сипас ба яқ ҷатор пешсафони соҳа сипоснома ва туҳфаҳои отиравӣ тақдим карда шуд. Барномаи фарҳангии саршор аз муҳаббати самимӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ табъи ҳозиринро болида намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...