28 Июл 2021
Бахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва идоракунии давлатӣ мебошад.
Соли 1999 баъди хатми мактаби миёна ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи муосири гуманитарии Русия-Тоҷикистон дохил шуда, соли 2003 онро хатм намудааст. Сипас ба факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дохил шуда, онро соли 2012 бо муваффақият ба итмом расонидааст. Соли 2011 ба факултети иқтисодиёти Институти соҳибкорӣ ва ҳуқуқи шаҳри Маскав дохил шуда, онро хатм намудааст. Ҳамзамон дастпарвари Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия мебошад.
Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро ба сифати ҳуқуқшиноси Донишгоҳи муосири гуманитарии Русия ва Тоҷикистон оғоз бахшида, сипас дар вазифаҳои ҳуқуқшиноси Фонди умумирусиявии маорифи шаҳри Хуҷанд, ҳуқуқшиноси маркази илмӣ-таҳсилотии шаҳри Хуҷанд, директори иҷроияи “Тоҷикгазавтосервис”-и шаҳр, сармутахасиси Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сардори Раёсати иҷозатномадиҳии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, директори генералии корхонаи истеҳсолӣ-саноатии зарфҳои пластикии шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт.
То таъин гардидан ба мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода дар вазифаи сардори филиали КВД суғуртавии “Тоҷиксармоягузор”-и Вазорати Молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор мекард.
Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳр сарпарасти соҳаҳои рушди иқтисодӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи иқтисодӣ – иҷтимоӣ, ислоҳотӣ иқтисодӣ, саноат ва энергетика, сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ, савдои дохили ва берунӣ, роҳбарии умумиро барои татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи саноат ва энергетикаи шаҳрро ба зимма дошта, таъминоти фаъолияти босамари тамоми коргоҳҳои саноатӣ ва барқию газ, дар доираи ваколатҳои худ ба роҳ мемонад.
Бахтиёр Боқизода, бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 12-уми июли соли 2021 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст.