(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи нақша-чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури шумораи зиёди сокинон яке аз рамзҳои давлатдорӣ-Парчами миллиро барафрохтанд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии матои рамз ва муқаддасоти миллӣ ба 14 ва паҳноии он ба 7 метр баробар аст.

Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ 1600 метри мураббаъро ташкил дода, барои сайру гашт ва истироҳати сокинону меҳмонон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ, аз ҷумла машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.

Майдони мазкур пурра сафолакпӯш ва атрофи он бо гулу ниҳолҳои ороишӣ сабзу хуррам гардида, дар он нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта шудаанд. Масоҳати сабзазоршудаи атрофи иншооти навбунёд 850 метр ва сафолакпӯшгардида 1200 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Иншоотро бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза мутахассисони маҳаллӣ бунёд намудаанд. Дар ду тарафи Парчам фаввораҳои рангоранги диққатҷалбкунанда сохта шудаанд.

Майдони Парчами давлатиро дар шафати роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зарафшон-сохтмон” бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бунёд намудааст.

Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Нишони давлатӣ аз болои лавҳаи рамзӣ парда бардошта, бо нишонаи арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар пояи он гулчанбар гузоштанд.

Масоҳати умумии майдони Нишони давлатӣ низ 1600 метри мураббаъ буда, он ҳам бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аз ҷониби сохтмончиёни ботаҷрибаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зарафшон-сохтмон” бо тарҳи ҷадид, аз рӯи меъмории миллӣ омехта бо замони муосир ва бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ, ҷавобгӯ ба стандарт бунёд карда шудааст.

Баландии таҳкурсӣ ва сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метрро ташкил медиҳад. Дар иншоот матни Суруди миллиро зебо ҳаккокӣ намудаанд, ки ин омил дар бедор сохтани худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастии сокинон, бахусус наврасону ҷавонон мусоидат мекунад.

Атрофи Нишони давлатӣ дар масоҳати 1100 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 400 метри мураббаъ гулкорӣ гардида, нишастгоҳҳои замонавӣ насб шудаанд. Дар ин мавзеъ низ як фаввораи зебо бунёд намудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар заминаи бунёд намудани майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро низ аз таъмир бароварда, намои берунаи онро зебо оро додаанд. Назди бинои мазкурро ду фаввораи замонавӣ ва гулу ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз ҳусни тоза мебахшанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  партавафшонии Парчами миллӣ ва баланд бардошта шудани Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Айнӣ баробари таъмин намудани зебоии мавзеъ, ҳамчунин дар бедор гардидани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии ҳар сокин, аз ҷумла наврасону ҷавонон муҳим шумориданд.

Дар умум, дар назди Парчам ва Нишони давлатӣ, инчунин бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ 30 чароғ дар сутунпояҳои баландиашон гуногун гузошта шудаанд, ки шабона зебоии маркази ноҳияро таъмин менамоянд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...