(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt28 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Дар деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мардуми шукргузору ваҳдатсарои ноҳия истиқбол гирифтанд.

Нахуст дар деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаб-интернати наву замонвӣ, ки дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22, бо фароҳам овардани тамоми шароити зарурии таълиму тарбия, хобгоҳ ва дигар иморатҳои ёрирасон бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ин муассисаи таълимӣ, ки аз лиҳози меъморию сохтмонӣ ва имконияту шароити муосири таълиму тарбия дар ноҳия назир надорад, дар доираи  дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд карда шудааст ва дар он асосан аҳолии синни мактабии деҳоти Анзоб ва водии Яғноб ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Корҳои сохтмонӣ дар хобгоҳи мактаб-интернат моҳи августи соли 2018 оғоз гардида, аз чор ошёна иборат аст ва дорои ошхонаи барҳаво, китобхона бо фарогирии шумораи зиёди адабиёти бадеӣ, синфхонаи шоҳмот, синфхонаҳои компютерӣ, ҳунаромӯзии духтаронаю писарона, ҳуҷраҳои барҳавои хоб, дарстайёркунӣ, нуқтаи тиббӣ, ҷойи дарзмолкунӣ, толори барҳавои варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Ду синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шудааст, барои соҳибкасб гардидани духтарону писарони деҳоти Анзоб ва водии Яғноб метавонад нақши калон дошта бошад.

Дар ин синфхонаҳо духтарон ҳунари дӯзандагӣ ва писарон дуредгарию оҳангариро меомӯзанд.

Хобгоҳи мактаб-интернати назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 дар маҷмӯъ барои 110 нафар пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки дар замони пешрафти куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла  рушди бесобиқаи илму техника пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Ба таъкиди Пешвои миллат ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо- ин ба таълиму тарбияи дуруст ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ифтитоҳи мактаб-интернати нав, ки ба арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ рост омад, барои хонандагон туҳфаи арзишманд арзёбӣ гардид ва аз омӯзгорону мураббияҳо даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Ҳамаи синфхонаҳои мактаб-интернат бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардидаанд.

Толори варзишӣ, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.

Дар ин мактаб-интернат ҳамчунин як буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда ба истифода дода шудааст. Дар фасли сармо ба воситаи ин буғхона тамоми иншооти мактаб-интернат бо истифода аз ангишт бо гармӣ таъмин карда мешавад.

Тарбиятгирандагони мактаб-интернати мазкур ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар деҳоти Анзоб дар баробари бунёди хобгоҳи мактаб-интернат ҳамзамон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 низ пурра навсозӣ гардида, барои хонандагон шароити мусоиди илмомӯзӣ фароҳам оварда шуд.

Омӯзгорон мегӯянд, бинои муассисаи таълимӣ ҳануз соли 1985 сохта шуда, вақтҳои охир ҳолати ногувор дошт.

Шурӯъ аз соли нави хониш хонандагони ин муассисаи таълимӣ дар синфхонаҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири илмомӯзӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Бинои таълимии мактаб аз чор ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон мебошад ва барои 740 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек ба 20 нафар ятими кулли деҳоти Анзоб ва 40 нафар наврасони водии Яғноби ноҳияи Айнӣ, ки аз ин пас дар ин муассисаи таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, туҳфаҳо тақдим намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар доираи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ ҳамчунин бинои таваллудхонаи нави Маркази саломатии деҳоти Анзоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои таваллудхона ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастури бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, аз панҷ ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул, таваллуд ва баъди таваллуд, инчунин хатна ва утоқи кории табибон иборат мебошад. Ҳамаи ҳуҷраҳои таваллудхонаи нав бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки аз ин пеш дар ин ҷо таваллудхона мавҷуд набуд ва занони водии Яғноб, деҳаҳои Марғеб, Анзоб ва Марзич масофаи зиёда аз 40-50 километрро тай карда, ба беморхонаи шаҳраки Зарафшон ва маркази ноҳияи Айнӣ мерафтанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...