(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нишастро бо сухани ифтитоҳӣ директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд соли ҷорӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 8 ихтисоси нав довталабонро қабул намуд. Аз рӯи ихтисосҳои: дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ, истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ пурра аз рӯи нақша довталабон комёб гардиданд. Дар донишкада дарсҳо дар шакли таҳсили рӯзонаи зинаи бакалавриат ба таври сиклӣ ва шакли таҳсили фосилавии зинаи бакалавриат ба таври муқаррарӣ гузаронида мешаванд. Соли таҳсили 2020-2021 донишкадаро Ҳамагӣ-835 нафар, аз он ҷумла, 795 нафар зинаи бакалавриатро бо шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ, 92 нафар зинаи бакалавриатро бо шакли таҳсили фосилавӣ, 34 нафар зинаи магистратурӣ, 5 нафар зинаи доктарантура (PhD) ва инчунин 1 нафар мутахассисро хатм намуданд. 16 нафар хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва як нафар зинаи магистратураро бо баҳои аъло хатм намуданд.Дар донишкада аз соли 2021 6 лоиҳаҳои илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда оғоз гаштааст, ки онҳо низ ба ҳалли муамммоҳои актуалии иқтисоди мамлакат нигаронида шудааст.

Дилафрӯз Саидӣ вобаста ба иштироки донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳо маълумот дода, аз ҷумла зикр аст, ки Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони "Дониш талабу бузургӣ омӯз..." 10 нафар донишҷўёни донишкада фаъолона иштирок намуда, Меҳрангез Зоҳирова-донишҷўйи соли якуми ихтисоси молия ва қарз аз фанни химия ҷои якум ва Қадриддин Ҷураев донишҷўйи курси чоруми ихтисоси технологияи иттилоотӣ ва барномарезӣ аз технологии иттилоотӣ ва Шарифҷон Абдуллоев муҳассили курси 3 ихтисоси идоракунии иқтисодии корхона мақомҳои дуюмро аз фанни аз назарияи иқтисодӣ ба даст оварданд. Дар олимпиадаи донишҷӯёни МТОК ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академия миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” Икромов Манучеҳр (2,400101) аз фанни физика ва Ҷураев Қадриддин (4,400101) аз фанни технологияҳои информатсионӣ соҳиби ҷойҳои ифтихории сеюмро ишғол намуданд. Ғайр аз ин, дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” аз рӯи равияҳои математика ва технологияҳои иттилоотӣ дониишҷӯён Эргашбоев Мирҷалол ва Ҷураев Қадриддин ҷойҳои ифтихории 2-юм ва 3-юмро ишғол намуда, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шудаанд. Дар ҳошияи эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф” даври донишкадавии (якуми) озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” аз рӯи 6 номинатсияҳо - математика, физика, химия, биология, технологияҳои информатсионӣ, ихтирокорӣ ва навоварӣ баргузор гашт. Озмун дар 3 давра - байни донишҷӯёни гуруҳ, факултет ва донишкада баргузор гашта, ҳамаи донишҷӯёни зина бакалавриат ва магистратура фаро гирифта шуд. Дар озмуни даври факултетӣ зиёда аз 2000 нафар донишҷӯён иштирок намуда, ба даври донишкадавӣ 120 нафар аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодшуда роҳхат гирифтанд. Хурсандиовар аст, ки дар номинатсияи ихтирокорӣ омӯзгорон низ ширкат варзиданд. Дар натиҷаи ҷамбасти даври донишкадавии озмун ба даври дуюм 28 нафар, аз ҷумла 25 нафар донишҷӯён ва 3 нафар омӯзгорон роҳхат гирифтанд. Ҳамаи ғолибони даври якуми озмун аз тарафи раёсати донишкада дар маҷлиси ҷамъбастии озмун бо таври тантанавӣ бо сипосномаҳои директори донишкада ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шудаанд. Дар даври дуюми озмуни “Илм фурӯғи маърифат” (шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) низ донишҷӯёни донишкада дониш ва маҳорати хуб нишон дода, ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд. Масалан, дар озмуни шаҳри Хуҷанд аз 8 нафар - 6 нафар, ноҳияи Б.Ғафуров аз 10 нафар – ҳамаи онҳо, шаҳри Бӯстон аз 2 нафар – ҳамаи онҳо, шаҳри Исфара аз 2 нафар- ҳардуи онҳо, Истиқлол аз 1 нафар - 1 нафар, Конибодом аз 2 нафар- ҳардуи онҳо, ноҳияи Девваштич аз 1нафар -1 нафар, Шаҳристон аз 2 нафар – ҳарду онҳо сазовори ҷойҳои 1,2 ва 3 гаштанд. Дар умум, аз 28 нафар иштирокчии даври дуюм 26 нафар донишҷӯёни донишкада ҳамчун ғолибони даври дуюм дониста шуда, ба даври сеюми озмун (вилоятӣ) роҳхат гирифтанд, ки ин муваффақияти калони донишкада ба ҳисоб меравад. Ба даври донишкадавии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” пас аз ҷамъбасти давраҳои якум ва дуюм 21 нафар донишҷӯёни лаёқатманд ва бисъёр қироатнамуда ва ҳифзкарда интихоб карда шудаанд. Дар натиҷа 12 нафар, аз ҷумла 2 омӯзгор ба даври шаҳрӣ (ноҳиявӣ) роҳхат гирифтанд. Ҳамаи ғолибони даври донишкадавии озмун бо сипосномаи директори донишкада ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо қадрдонӣ карда шудаанд. Дар даври шаҳрӣ омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи донишкада Бобоҷонова Нилуфар сазовори ҷойи дуюм аз ноҳияи Б.Ғафуров (дар номинатсияи адабиёти муосир), Норов Исматулло – омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, ҷойи сеюм аз ш.Хуҷанд ҷойи сеюм, Каримова Хушнуда – донишҷӯи 2,450102ра аз шаҳри Конибодом (дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон) созовори ҷойи дуюм гаштанд.

Дилафрӯз Саидӣ роҷеъ ба самти робитаи донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ маълумот дода, афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ байни ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишномаи ҳамкорӣ дар ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзод ва сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк аз ҷониби директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина Вадим Осипенко ва директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрўз Саидӣ ба тасвиб расид.

Дар доираи он ҳамкории гуногун дар назар гирифта шудааст. Алалхусус бо ин корхона шартнома оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ба назар гирифта шудааст.

Сипас аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти донишкада суолҳо матраҳ гардида, ҷавобҳои қаноатбахш дарёфт карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...