(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 ва ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии аз руйи натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони шуъбаҳою сохторҳои шаҳр ва зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ ширкат намуданд. Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини сардори раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев иштирок кард.

Дар оғози нишаст аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2021 маълумоти муфассал манзур гардида, аз ҷумла шуд, ки дар соли таърихии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми Хуҷандшаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешида, барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми иқтидорҳою имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Дар ин ҷода кулли сокинони шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун андешида, нимсолаи якуми соли 2021-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас натиҷабардорӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ саноатчиёни шаҳр ҳадафи чоруми Стратегии миллӣ саноатикунонии босуръати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, новобаста аз омилҳои ба вуқуъ пайваста чораҳои судмандро амалӣ намуданд. Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 632,7 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 77,4 миллион сомонӣ ё 13,9 дар сад афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор ба маблағи 156 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 20,2 дар сад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Дар ин давра 13 адад корхонаҳои нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 176 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби ин корхонаҳои нав 156 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Инчунин аз ҷониби 70 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 260,5 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 51,3 млн. сомонӣ ё 24,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра аз 125 намуд маҳсулотҳои асосӣ, истеҳсоли 85 намуд ё нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 зиёда аз 100 фоиз таъмин карда шудааст. Инчунин номгўи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлатҳои муштаракулманофеъ содирот карда шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маргарин, ранг ва қумпардозии минералӣ, дўхтани либоси варзишӣ, дўхтани либоси ҳарбӣ, ноқилҳои электрикӣ ва маҳсулоти дару тирезаҳои муосир мисол шуда метавонанд.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки давраи сипаригашта дар шаҳри Хуҷанд тибқи иҷрои дастуру супоришҳо ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди нави истеҳсоли маргарин ва равғани зарди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Субҳи заррин”, хатти нави истеҳсолӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Хуҷанд Агро” ва корхонаи коркарди маҳсулоти ордӣ ва нонии соҳибкори инфиродӣ Ҷумъабой Абдулҳакимов ифтитоҳ гардид. Дар ин корхонаҳо бо истифода аз технологияи муосир коркарди маҳсулоти воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шудаанд. Чораҳои андешидашудаи босубот, барои зиёд гардидани иқтидори истеҳсолии маҳсулотҳои рақобатпазиру воридотивазкунанда, ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва манбаҳои андоз ба буҷети давлатӣ заминаи устувор гузоштанд. Дар ин давра барои азнавсозии технология ва муҷаҳҳаз гардонидани корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 8,5 миллион сомонӣ сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҷалб карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки натиҷаҳои рушди бонизоми бахши воқеъии иқтисодиёти шаҳр ва чораҳои андешидашудаи ин давра ба мо имкон дод, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 103,9 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 107 фоиз таъмин гашта, он боиси аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 9,4 млн. сомонӣ ва 8 млн. сомонӣ зиёд ворид шудани андозҳо гардид. Бояд қайд намуд, ки қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 99,9 фоиз таъмин гардида, аз ин сарчашма барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ бахусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 77,8 миллион сомонӣ ва ё 64,6 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шудааст. Барои таъмини кормандони муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда, ба истиснои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, ба маблағи 60,1 миллион сомонӣ музди меҳнат якҷоя бо андози иҷтимоӣ пардохт карда шуд, ки ин 49,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда, қарзи музди маош дар соҳаҳои буҷетӣ ҷой надорад. Дар раванди бунёдкориву созандагӣ бинокорони шаҳр саҳми назаррас гузошта, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои молиявӣ маблағгузории асосӣ 169,8 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 135,4 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 166,6 ва 165,5 фоизро ташкил медиҳад. Яке аз сарчашмаҳои корҳои ба сомонрасида, ин маблағгузорӣ аз ҳисоби марказ буда, аз ин ҳисоб дар ҳаҷми 87,4 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд. Илова бар ин, ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода дода шуда 68,4 миллион сомониро ташкил дод, ки он ба ҳар як сари аҳолӣ 367,3 сомонӣ рост меояд. Дар шаҳр, баҳри бунёд, эҳё ва таҷдиди майдончаҳою толорҳои варзишӣ, ҷиҳати обутобёбию саломатии ҷавонону наврасон ва тарзи ҳаёти солим 10 адад майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Шаҳрдор афзуд, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 ва Амри Раиси шаҳр аз 7 июни соли 2018, №109 нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2018 иборат аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ карда шудааст. Дар маҷмўъ давоми солҳои 2018-2021 271 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ гардонида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 497 адад иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуданд, ки ин иҷроиши 97,5 фоизи иншооти ба нақша гирифташударо дар бар мегирад. Гузашта аз ин дар ин давра беш 200 иншооти иловагии берун аз нақшаи тасдиқгардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Бо мақсади ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр зам намудани ҳусну таровати замонавӣ миқдори зиёди лампаҳою шилшилаҳои муосир, равшанкунакҳои светодиодӣ насбу васл карда шуда, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, боми биноҳо ва қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд. Дар ин раванд ҷиҳати кабудизоркунӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз ва гулҳои ҳархелаи ороишӣ шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар соли 2021-ум 42,3 км таъмири роҳҳо, аз ҷумла 31,3 км таъмири асосӣ ва 11,0 км таъмири ҷориро дар бар мегирад. Дар давоми нимсолаи аввали соли 2021-ум 22,8 км роҳҳо таъмир карда шуданд.

Фирдавс Шарифзода вобаста ба ба рушди соҳаи маориф маълуомт дода, аз ҷумла афзуд, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба омўзиши фанҳои дақиқ, илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникӣ, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва дар доираи озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” 60 адад маҳфилҳои “Ровиёни беҳтарин”, “Шеърдўстони беҳтарин”, “Техникони наврас”, “Математикони ҷавон”, “Барномасозон” ва “Табиатдўстони ҷавон” дар муассисаҳои таълимӣ амал намуда истодаанд. Бо мақсади иҷрои талаботи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташкилу баргузор намудани Озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» даври шаҳрии озмунҳои мазкур дар сатҳи баланди ташкилу баргузор гардида, ғолибон муайян шуда, ҷиҳати иштирок дар даврҳои минбаъда пешниҳод карда мешаванд. Дар ин давра 380 нафар омўзгорони фаннӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курси такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф гузашта, савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки он ба ҳисоби миёна 101 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаи маориф дар давраи ҳисоботӣ 33 нафар омўзгорон ба маблағи 31ҳазору 860 сомонӣ ба осоишгоҳҳо роҳхат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд. Барои муҷаҳҳаз гардонии соҳа барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 35 адад компютер, 11 адад тахтаи электронӣ, 21 адад проектор ва 12 адад принтер харидорӣ карда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 24 нафар хонандагони синфи 11 соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ҳамчунин, 24 нафар хонандагони синфҳои 9-10 низ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардиданд.Барои фароҳам овардани шароити мусоиди хониш сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Пўлотов” идома дошта, кўдакистони хусусии “Меҳросо” барои кўдакони ятим ва нимятим дар маҳаллаи Бофанда дар арафаи ифтитоҳ қарор дорад.

Раиси шаҳр гуфт, ки баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 96 адад муассисаҳои тиббии давлатӣ ва хусусӣ амал мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 6 ҳазору 300 нафар кормандони соҳаи тиб адои вазифа доранд.Дар ин давра се муассисаи соҳаи тандурустӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки инҳо Маркази микроҷарроҳии лазерии чашм «Босира», муассисаҳои дандонпизишкии «Винир» ва “Сифат” мебошанд.

Вобаста ба ташвишовар гардидани вазъи эпидемиологии сироятёбии аҳолии шаҳр ба бемориҳои илтиҳоби шадиди шуш ва короновируси навъи COVID-19 иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар сатҳи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бистарикунонӣ мувофиқ ба талаботҳои ситоди ҷумҳуриявӣ ва Вазорати тандурустӣ дар ҳолати пандемикӣ ба роҳ монда шудааст.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар давраи ҳисоботӣ ба 61 ҳазору 900 нафар расид, ки аз ин миқдор 30 ҳазору 900 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 120 чорабиниҳои сатҳи мухталиф аз қабили вохўриву мулоқотҳо, озмунҳо, конфронсҳо, аксияҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, фестивалҳо, корҳои ободониву созандагӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо иштироки беш аз 65 ҳазор нафар наврасону ҷавонон, варзишгарону мухлисон баргузор гардиданд. Дар шаҳр 303 иншооти варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳ, иншоотҳои одии варзишӣ, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва иншооти барои машғулиятҳои варзишӣ мавриди истифода қарор доранд. Дар 6 муассисаҳои тайёрии варзишии шаҳр бо теъдоди 123 нафар мураббӣ аз рўи 28 намуди варзиш ба 3 ҳазору 843 нафар варзишгарон машқу тамрин дода мешавад, ки аз ин шумора 488 нафарашон духтарон мебошанд. Мураббиён дар муассисаҳои варзишӣ аз рўи 3 намуди миллии варзишӣ, 8 намуди ғайриолимпӣ ва 17 намуди олимпӣ машғулиятҳои варзишӣ мегузаронанд. Мавриди зикр аст, ки эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба ҳаёти иҷтимоии сокинон такони ҷиддӣ бахшида, дар ин самт низ соли ҷорӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Нишондиҳандаҳои ин соҳа аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ зиёда аз 60 иншоотҳою муассисаҳо шомил буда, дар ин давра ба 6,7 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат расонида шуд.

Сипас рўзноманигорон Муҳайё Воситзода, Мирзоаъзам Мақсудов, Фарзона Муродӣ, Қамари Аҳрор, Алишери Толиб, Афзал Босолиев, Ҳалим Ҷӯраев, Фарзони Муҳаммадӣ, Мастона Муҳиддилозода, Урунбой Усмонов, Ҷовиди Аштӣ, Мафтуна Шукурова ва дигарон вобаста ба раванди корҳои ободонӣ, вазъи хизматрасонии об, иҷрои нақшаи буҷет, рушди соҳаи саноат, сайёҳӣ, муҳити зист ва ғайраҳо ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода саволҳои хешро ироа намуда, посухҳои дақиқ дарёфтанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...