(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори калони Донишкадаи политехникии Донишоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷавонон бахшида ба Рўзи ҷавонон баргузор гардид.

Нахуст номаи муборакбодии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрўз Саидӣ аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои тарбияи Гулшан Довудов ироа гардид, ки дар он аз ҷумла зикр шудааст: “ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва фардосози миллат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ эътимоди қавӣ дошта, дар яке аз баромадҳояшон таъкид дошта буданд: “Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем”.

Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат дар сиёсати ҷавонпарваронаи хеш барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, тақвияти дониш ва малака майдони фарохро боз намуданд.

Таъкид шуд, ки таъсиси квотаҳо барои ҷавонони дурдаст барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, стипендияҳои президентӣ, ҷоизаҳои ба номи “Исмоили Сомонӣ”, “Дурахшандагон” ба номи “Султон Умаров”, роҳандозӣ шудани Барномаву стратегияҳои давлатӣ ва даҳҳо дигар бозгӯи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат нисбати ҷавонон мебошад. Дар ин росто бо мақсади тақвияти дониш ва маънавиёт, бедор намудани завқи зебоипарастӣ ва ҷалби ҷавонон ба илмҳои риёзӣ, техникаву технологияи муосир бо ташаббус ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” таъсис ёфтанд, ки соҳибистеъдодҳоро ба ҳам овард. Ин иқдом дар қатори ҳазорон – ҳазор ҷавонони бедордил ва навовар ҷомеаи меҳнатии моро барои боз ҳам рушд бахшидани илму муосири миллӣ, татбиқи амалии лоиҳаҳо бештар водор кард. Чанде пеш дар донишкада озмунҳои “Илм фурӯғи маърифат” ва “Беҳтарин ихтиръкорон” дар сатҳи баланд доир шуда, иштирокчиёни фаъол бо Ифтихорномаю тӯҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон донишҷӯёни донишкада дар чандин озмуну олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ шарафи донишкадаро ҳимоя намуданд, ки ин бешубҳа ифтихори мост ва роҳбарияти донишкада онҳоро сазовор қадршиносӣ мекунад.

Аз ҷавонони саодатёри донишкада даъват ба амал оварда шуд, ки бештар аз илмҳои муосир огоҳии комил дошта бошанд, аз маҳорат ва корбарии устодони соҳибзавқ истифода баранд, вақтро беҳтарин дӯсти худ шуморанд. Зеро роҳбарияти донишкада донишҷӯёни соҳибистеъдод, навовар, донишманду варзишкорро ҳамеша дастгирӣ хоҳад кард. Ин амали шумо барои роҳ надодан барои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва бекорӣ сипари боэътимод ҳоҳад шуд. Ҳар он амалҳои нангини террористиву экстремистие, ки имрӯз дар гӯшаву канори олам рух медиҳанд, аксаран дасти ҷавонон аст, ки аз бедонишиву гумроҳӣ ба ин роҳ рафтаанд. Мо бояд ба қадри сулҳ ва оромиву осоиштагӣ расем ва ба қавли Сарвари давлат миллатамонро соҳибӣ намоем ва шароити мусоиди таълимро самаранок истифода барем.

Сипас ба як қатор донишҷўёни фаъол ва комёб ифтихорнома ва дипломҳои мусобиқоти гуногун тақдим карда шуд.

Аз ҷумла, дар доираи моҳвораи ҷавонон барои шарафёб шудан ба Ҷоми директори донишкада мусобиқаҳои ваарзишии шашка, шоҳмот, баскетбол, футбол ва дигар намудҳо доир шуданд ва ғолибон бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...