(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, собиқадорони меҳнат, фаъолон, Шаҳрвандони фахрии шаҳр дар микроноҳияи 12-уми шаҳр ба ифтихори номгузории яке аз кўчаҳои шаҳр бо номи Арбоби намоёни давлатию ҷамъиятӣ Усмон Қосимов ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла таъкид намуд, ки Усмон Қосимов аз чеҳраҳои мондагор ва шахсияти барҷастаи қарни ХХ буда, ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии худро ба бунёдкорӣ ва ободии диёр бахшидааст. Зиндагиномаи ӯ намунаи барҷастаи хизмат ба халқу Ватан ва дарси ибрати тамоми наслҳои минбаъда аст.

Таъкид гардид, ки зиндагиномаи ҳар як шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон як мактаби таҷрибаи ҳаёт мебошад. Омўзиши ҳаёту фаъолияти онҳо дар тарбияи эҳсоси наҷиби ватандўстӣ, садоқату хизмат ба Ватан ва худшиносии миллӣ зарур аст. Пос доштани хотираи арбобони давлатӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ, ходимони илм, маориф, фарҳанг ва муҳофизони Ватан ба ҳукми анъана даромадааст. Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, соли сипаригардидаистода соли таърихӣ, ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 76 солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мебошад. Бахшида ба ин соли ҷашнӣ, номгузории кўчаи номнадоштаи байни микроноҳияҳои 12-13 ва пардабардорӣ аз лавҳаи ёдбуди шахси накўном иштирокчии ҶБВ, ходими давлатию ҷамъиятӣ Усмон Қосимов дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии шаҳру вилоят рўйдоди воқеан хотирмон мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи дархости аҳли оилаву пайвандон ва дар асоси Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум, аз 16-уми апрели 2018, №233 оид ба гузоштани лавҳаи хотиравӣ ва номгузорӣ намудани номи кўчаи байни микроноҳияи 12-13 ба номи иштирокчии ҶБВ Усмон Қосимов қарори дахлдори шаҳрдорӣ ба тасвиб расида буд.

Усмон Қосимов соли 1918 дар деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1936 аз вазифаи котиби кумиҷроияи Шўрои деҳот оғоз намуда, солҳои 1938-1946 дар сафи Артиши Шўравӣ хизмат намудааст. Усмон Қосимов баъди адои хизмати ҳарбӣ ба кори ҳизбӣ гузашта, дар солҳои минбаъда раиси кумиҷроияи навоҳии Куйбишев ва Колхозобод, котиби якуми кумитаи ҳизбии навоҳии Панҷ ва Шаҳритуз буда, аз соли 1971 то рўзҳои охирини ҳаёташ раиси кумиҷроияи Шўрои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод (Суғди имрўза) ва якчанд карат депутати Шўрои Олии Тоҷикистон буд.

Сипас Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедов баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки аввалин Раиси вилояти Ленинобод (Суғди имрўза) Усмон Қосимов аз рӯзи нахустини фаъолият ҳадафи асосии хешро дар самти рушди иқтисодиёт ва соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, инчунин тарбияи ҷомеа мутобиқ ба талаботи замон муайян карда буданд. Асосгузор ва бундёкори аслии бинои имрӯзаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Усмон Қосимов мебошанд. Бузургии ин марди хирадманд дар он зоҳир мешуд, ки ӯ хирадманд ва дар кору фаъолият ҳамеша эҷодкор буданд. Усмон Қосимов ба мансаби баланди давлатӣ бо меҳнати ҳалолу покази худ, заҳматҳои шабонарӯзӣ, садоқат ба халқу Ватан, қобилияти баланди ташкилотчигию кордонию, дониши комил, дили пурҳарорату нияти покаш ноил гардидаанд.

Турсунбой Раҳматов, раиси Шўри собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят аз паҳлуҳои саҳифаҳои дигари зиндагиномаи ибратбахши Усмон Қосимов андешаронӣ намуда, кору пайкори мавсуфро барои насли имрўз намунаи олии пайравӣ унвон намуд.

Полковник Илҳом Қосимзода, сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, ки набераи Усмон Қосимов мебошад, аз номи пайвандон барои қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои бобояш миннатдорӣ баён карда, таъкид дошт, ки маҳз маҳсули сиёсати раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамасола барои абадӣ гардонидани ному пайкори шахсони шинохта ва хизматкарда кўчаву хиёбон ва ташкилоту муассисаҳо номгузорӣ мегарданд, ки барои насли ҷавони имрўз намунаи олии пайравӣ, сабақҳои омўзандаи пайкору корномаҳояшон мебошад. Усмон Қосимов барои мо наберагон ва аберагон ҳамеша чун мояи ифтихору сарфарозӣ ва ё худ чун идеал ҳастанд ва дар оянда низ мемонанд. Ҳар як корнамоиву ҷонфидоиҳои бобои азизамон барои мо ифтихор ва намунаи олии пайравист.

Зикр гардид, ки мавсуф шахсияти муътабар ва обрўманд дар ҷомеаи кишвар дар давоми фаъолияти бештар аз 40 солаи хеш барои рушди босуботи хоҷагии халқи вилоят то умри вопасини худ ҳамчун ходими давлатию ҷамъиятӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои олии Давлату Ҳукумат содиқона ифои вазифа намудаанд. Дар ҳар ҷойе, ки кору фаъолият доштанд бо садоқат, самимияти беҳамто барои рушд ва тараққибахшии соҳаҳо чун фарзанди бемисли Ватан ҷаҳд намудаанд. Ин аст, ки имрўзҳо ҳамкорон, шогирдон эшонро бо сифатҳои олии инсондўстӣ, меҳнатқаринӣ, сабру таҳаммул, тамкину бурдбориҳояшон ёд мекунанд ва ин хислатҳои накӯро барои тамоми ҷумҳурӣ намунаи ибрат ва боиси ифтихор медонанд.

Илҳом Қосимзода дар анҷоми суханронии худ барои қадршиносӣ аз кору пайкор ва заҳматҳои бобояш Қосим Усмонов аз номи пайвандон ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода арзи сипосгузорӣ намуд.

Сипас парда аз лавҳаи ёдбуд бардошта шуд ва кўчаи байни микроноҳияи 12-13 расман ба номи Усмон Қосимов гузошта шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллата...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1981
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4755
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта21263
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта40583
mod_vvisit_counterҲамин моҳ145971
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта187939
mod_vvisit_counterҲамагӣ5180206