(5 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altБа ифтихори 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири тавоно, тарғибгари сулҳу ваҳдат Мирзо Турсунзода ва Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Бузургонро бузургон зинда медоранд” баргузор гардид. Конференсияро Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо ҳузури мунаввараш ранги тозае бахшид.

Устоди кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Шафоат Файзиева чорабиниро ҳусни оғоз бахшид.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов паёми шодбошии директори донишкада Дилафрӯз Саидиро ба аҳли нишаст расонд. Зимни маъруза мавсуф таъкид дошт, ки яке аз рукнҳои муҳими соҳибистиқлолӣ ин ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни кишвар ва арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни падарону бобоёнамон мебошад. Бузургдошт ва таҷлили 110 – солагии шоири тавонои миллат Мирзо Турунзода ва 80 – солагии Лоиқи бузургвор бозгӯи гуфтаҳои болоист. Бояд ёдовар шуд, ки дар таърихи давлатдори навини тоҷикон дар қатори чандин абармардоне чун Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров номи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ чун муаррифгарони асили фарҳанг ва маънавиёти тоҷикон бо хати тиллоӣ сабт гардидааст.

Шоираи ширинкалом Фарзона Мирзо Турсунзодаро мубашири сулҳу дӯстӣ дар ақсои олам унвон карда, чанд хотираҳои давраи бачагиашро, ки аз сӯҳбати устод баҳравар шуда буд, нақл намуд. Мавсуф ҳамзамон қайд кард, ки устод Мирзо Турсунзода ва академик Муҳаммад Осимӣ бо ин қадар бузургиву ҳашамат дар шаҳри Маскав зимни дифои рисолаи номзадии модари шоира Бароат Ҳоҷибоева ширкат варзида, ба донишу малакаи яке аз аввалин бонуи рӯй сӯи илм ниҳода баҳои баланд додаанд. Гуфта шуд, ки Устод Мирзо Турсунзода бо шеърҳои таълифнамудаи худ миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифии шоиста намуд. Шоира Лоиқ Шералиро падари маънавӣ ва аз нахустин устодаш шуморида, баён дошт, ки Устод Лоиқ Шералӣ ба ҷомеа назари дигар дошт ва ҳамеша чун шоири хуршеду дарё ба идеяҳои миллӣ содиқ монд. Ӯ шеъре иншо мекард, ки аз дил буду ба дил рафта менишаст. Ватандӯсту миллатгаро буд ва ҷойгоҳи зан ва модарро муқаддас мешуморид. Чандин таълифоти худро дар ҳавлии банда манзум карда, ҳавзаи хуби адабии шоирони ҷавонро созмон дода буданд.

Донишҷӯёни донишкада аз рӯзгор ва осори муаллима пурсон шуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Шоира дар фарҷоми суханронии худ баён дошт, ки саоқат ба илмомӯзӣ, садоқат ба касб шахсро дар ҷомеа соҳибмартаба мегардонад. Бояд ҳар як ҷавон дар ҷомеа мавқеи худро дошта бошад. Аз хиради соҳибхирадон амсоли Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ қарз гиранд. Мавсуф аз ҳаводоси наздимарзӣ изҳори ташвиш намуда, қайд кард, ки ҳама кор ба салоҳ ҳал бояд шавад на ба силоҳ.

Мудири кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Дилбар Ҷӯраева дар баромадаш зикр дошт, ки Воқеан ҳам кас аз осору рӯзгори ин шахсони бузурги миллат огаҳӣ пайдо мекунад, дарк месозад, ки онҳо чӣ гуна ба обу хоки кишвари азизаш муҳаббату самимият доштанд. Як давраи рушду нумӯъи илму фарҳанг ва шинохти аслии миллӣ ба замони фаъолияти доманадори ҳар ду шоир рост меояд. Устод Мирзо Турсунзода аввалин шоире буданд, ки пас аз мутоилаи “Модарнома”-и Лоиқ Шералӣ бе нашри китоб он касро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда буданд. Мирзо Турсунзода ба насли дуюми адибони садаи бисти тоҷик шомил буда, дар радифи Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода дар як давраи пур аз тазод ва муборизаҳои дохилӣ ба арсаи адабиёт қадам ниҳода буданд. Устод Лоиқ бошад бо шеъри баланди худ дар қатори дигар шоирони забардасти кишвар амсоли Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло ва Фарзонаи Хуҷандӣ шеъри тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуданд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуни даври донишкадавии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Мавлавихонӣ” Ифтихорномаи донишкада супорида шуд.

Чорабинии фарҳангӣ, ки аз ҷониби донишҷӯён омода карда шуда буд, маҳфилро боз ҳам шукӯҳманд намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...