24 Апрель 2021
Баҳри зиндагии арзанда ва ҳаёти шоиста баланд бардоштани даромаднокии кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии кишварамон маҳсуб ёфта, дар ҳолати 1-уми декабри соли 2020 музди миёнаи маош ба 1 ҳазору 513 сомонӣ расида, он нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 6,8 фоиз ё ба маблағи 96,0 сомонӣ зиёд шудааст. Фонди музди меҳнати кормандони рўйхатӣ бошад, 540,7 млн. сомониро ташкил намуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 2,7 дар сад ё 14,2 млн. сомонӣ афзудааст.
Дар самти шуғлнокии аҳолӣ чораҳои амалигашта истода собит менамояд, ки шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол 44,6 ҳазор нафарро ташкил дода, 1 ҳазору 924 нафар шаҳрвандони бешуғли қобили меҳнат ба қайд гирифта шуд. Аз шахсони бақайдгирифташуда 1 ҳазору 932 нафар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи корӣ таъмин гардида, 16 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шудааст.
Дар шаҳр дар ҳолати 1 январи соли 2021 шумораи нафақахўрон 18 ҳазору 919 нафарро ташкил намуда, андозаи миёнаи нафақа 398,7 сомониро ташкил медиҳад. Талаботи пардохти умумии нафақа бошад, дар соли 2020-ум 89,5 млн. сомониро ташкил дода, маблағи он пурра ва саривақт пардохт карда шуд.
Дар робита ҷиҳати баланд намудани сатҳи иҷтимоӣ, дар арафаи иду ҷашнҳои давлатӣ 6,3 ҳазор оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбон, ятимони кулл, тарбиятгирандагони хона интернатҳо ва дигар ниёзмандон аёдат карда шуд ва ҳамчунин ба 57 нафар нафақахўроне, ки барои хизматҳои махсус дар назди вилоят қадршиносӣ гардидаанд, иловапулӣ ба нафақаашон, ба маблағи умумии моҳонаи 6,7 ҳазор сомонӣ пардохт карда шуда истодааст.
Илова ба ин, дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ, комендатураи ҳарбӣ ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳр аз тарафи саховатмандон ва соҳибкорон дастархони идона ороста шуда, барномаҳои консертӣ ташкил карда шуд.