24 Апрел 2021
Дар шароити ташаккулёбии иқтисоди бозоргонӣ раванди иҷроиши буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият меёбад.
Бояд зикр намуд, ки соли 2020 новобаста аз муаммоҳои ғайри чашмдошт таъмини қисми даромади буҷет ба мушкилиҳо дучор гашта бошад ҳам, дар натиҷаи андешидани чораҳои таъхирнопазир нақшаи буҷети шаҳр ба андозаи 100,8 фоиз ё 3,4 миллион сомонӣ зиёд таъмин гардидааст.
Ба буҷети маҳаллии шаҳр бошад, ба ҷои 196,5 миллион сомонии пешбинигардида, 196,6 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст. Ин маблағи воридшуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешина ба маблағи 13,2 миллион сомонӣ ё 7,2 дар сад зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷети шаҳр 98,9 фоиз таъмин гардида, дар ин давра барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ бахусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 130,8 миллион сомонӣ ё 66,5 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, қарздорӣ аз музди маош дар ин соҳа ҷой надорад.