(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар шаҳр 13 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 1 Маркази фарҳанг, 2 адад Хонаи маданият, 3 адад Мактаби санъат, 1 адад мактаби мусиқӣ ва 1 адад мактаби рассомӣ, Арт-галереяи «Сомониён», Хона-осорхонаҳои этнографии “Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов” ва «Эргашбойбача», ансамбли наврасон ва ҷавонони санъати мусиқии классикии «Шашмақом» ва ансамбли рақсии “Парниён” фаъолият дошта, баҳри тарбия ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати насли наврасу ҷавон ва аҳли ҷомеа, ташкили истироҳату фароғати шаҳрвандон хизмат мерасонанд.

Дар ин давра, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ва Планетарий дар маҳаллаи Дўстии халқҳо бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Боғи мазкур аз як тараф макони фарҳангӣ-фароғатӣ бошад, аз ҷониби дигар тарғибгари илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карданд.

Вобаста ба баланд бардоштани рушди тафаккур ва маънавиёти ҷомеа дар шаҳр китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо нуҳ филиалҳои худ, китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ, китобхонаи шаҳрӣ дар маҳаллаи Ваҳдат ва китобхонаҳои ташкилоту муассисаҳои мухталиф бо фаъолияти арзандаи худ баробари ба хонандагон хизмат расонидан, дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқололии Ватани маҳбубамон ва ба ин васила баланд бардоштани маърифату ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи фарҳангии шаҳрвандон нақши муҳим гузошта истодаанд.

Илова бар ин, тибқи дастури Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти хизматчиён ва кормандони мақомоти давлатӣ, дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ошёнаи 9-ум китобхона бо теъдоди зиёда аз 700 адад китобҳои бадеӣ ташкил ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар давоми соли 2020 дар шаҳр 85 адад чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-сиёсӣ доир гардида, дар онҳо зиёда 52000 нафар иштирокчиён, аз ҷумла меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд иштирок намуданд.

Аз 30 ёдгориҳои меъмории таърихӣ-фарҳангӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд мавҷуданд, 13 адад ба шумораи ёдгории ҷамъиятӣ, 2 адад ба ёдгории давлатии ҷумҳуриявӣ, 2 адад ба ёдгории маҳаллии шахсӣ, 11 адад ба ёдгории маҳаллӣ ва 2 адади дигар ба ёдгории ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ шомил гардидаанд. Аз ин миқдор 3 адад ёдгориҳои меъморӣ-мақбараи “Шайх Муслиҳиддин”, Мақбараи “Ҳазрати Бобо” ва Қалъаи Хуҷанд ба реестри умумибашарӣ тааллуқ дошта, барои ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид гардидани он андешидани чораву тадбирҳои зарурӣ идома дорад.

Давоми соли 2020 ва дар доираи таҷлили ҷашни Наврўзи ҷаҳонӣ мавзеъҳои сабзазору гулгашти назди театри мазҳакавӣ мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, боғи фарҳанги фароғатии назди “Қалъаи Хуҷанд”, майдони назди муҷассамаҳои Камоли Хуҷандӣ, Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, маҷмааи фаввораҳои Исмоили Сомонӣ, ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар мавзеи регистони “Панҷшанбе”, ҳамчунин майдони назди “Нишон” ва “Парчами давлатӣ”, Кохи фарҳанги “Суғдиён” тозаву обод ва бо сабзкориву гулшинонӣ зебову назаррабо гардонида шуданд.

Санаи 10 декабри соли 2020 дар толори Маркази фаҳанги шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии фестивал-озмуни “Русская песня” баргузор гардид. Дар фестивал озмун зиёда аз 50 нафар иштирокчиён аз мактабҳои санъат ва мусиқии бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии  шаҳр  иштирок доштанд.

Дар фестивал-озмун ҳакамон аз маркази руссиягии “Российский центр науки и культуры города Худжанда”  Бободҷонов Курбонҷон ҳамоҳангсози барномаҳои фарҳангӣ, Аскерова Егана-омўзгори мусиқии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров факултаи санъат ба санъати сарояндагии иштирокчиён баҳогузорӣ намуда, аз байни иштирокчиён 12 нафар беҳтаринҳоро  муайян намуданд.

Фестивал-озмун дар сатҳи баланд гузаронида шуда, дар он Маҳмудов Сиёвуш омўзгори МСБ №1 бо суруди “Смуглянка”, Абдуғаниев Ҳусейнҷон омўзгории МСБ №4 бо суруди “Ваше благородие”, Ҳамдамова Ширин бо суруди “Любовь похожая на сон”, Ӯрунова Шукрона хонандаи МСБ №2 бо суруди “Золушка”, Шубина Дарья хонандаи МСБ №3 бо суруди “Пока на земле любовь”, Аркадева Аряна хонандаи МСБ №3 бо суруди “Молчание сердца» ва боз як қатор иштирокчиён иштирок ва баромад намуданд.

Санаи 18 декабри соли 2020 даври вилоятии фестивал-озмуни “Русская песня” баргузор гардид. Даври вилоятии озмун низ хело ҳам дар сатҳи баланд гузаронида шуда, дар озмун аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Аз байни шаҳру ноҳияҳои вилоят, шаҳри Хуҷанд сазовори 3 ҷойи аввалин гардиданд. Аз ҷумла, Холматова Дилангез сазовори ҷойи якум, Сангинов Фирдавс сазовори ҷойи дуюм ва Урунова Шукрона сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...

Youtube