04 Феврал 2014
Бо мақсади тадбиқи дастуру супоришҳои сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд омад. Дар муассисаи мазкур 12 намуд гулу гулбуттаҳои маҳаллӣ ва навъҳои аз хориҷи кишвар оварда шуда парвариш меёбанд.
Тибқи дастури иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ айни замон 150-хазор дона гулҳои ороиши ва беш аз 800 бех ардач аз ноҳияи Ваҳдат оварда шуда, дар амбори муассисаи мазкур нигоҳ дошта мешаванд. Хамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз ҶДММ «Гулафшон» дидан намуда бо рафти корҳои омодагӣ ба мавсими гулшинонии соли равон ошно гардид. Дар шароити гармхона беш аз 12-намуди гулхои ороиши парвариш ёфта, теъдоди ин гулхо 80 хазор донаро ташкил медихад. Раҷаббой Каримов дастур дод, ки ин таъдод барои қонеъ намудани талаботи гулпӯш намудани шаҳри Хуҷанд кифоягӣ намекунанд. Бинобар он бояд ҳатман ҳам намуди гул ва ҳам теъдоди он бояд зиёд карда шавад. Барои истифодаи тамоми имконияту захира кормандони масъулини ин ду муассисаи кабудизоркунӣ ва гулпӯшкунӣ дар фасли сармо фаъолияти худро ҷоннок намоянд.