07 Январ 2014
Бо мақсади сифатан беҳтар намудани симои зоҳирии шаҳр ва ба низом даровардани сохту тарҳи тахтаҳои таблиғотии шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо роҳбарони воҳидҳои мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои рекламавӣ вохурии корӣ-машваратӣ доир намуд. Дар ҷаласа қайд гардид, ки дар маркази вилоят 5 корхонаҳои рекламавӣ фаъолият доранд, ки бо шаклу усули гуногун ба мизоҷони худ хизматрасонии рекламавиро пешниҳод менамоянд.
Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов иттилоъ дод, ки тибқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд андозбандии хизматрасонии чунин корхонаҳо тағийр дода шуданд.
Минбаъд андозбандии онҳо вобаста аз мавзеи ҷойгиршавии онҳо хоҳад буд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба ширкатҳои рекламавӣ дастур дод, ки то санаи 1 апрели соли равон бояд хизматрасонӣ тариқи «Призматрон» ва «Ситиформат» ба роҳ монда шуда, тарҳу шакли онҳо аз ҷиҳати ороиш, муосир ва зебо бошанд. Ҳамзамон тамоми воситаҳои рекламавӣ хусусияти равшанидиҳӣ дошта, аз ҷиҳати ороиш бояд куллан аз солҳои қаблӣ фарқ намоянд. Зеро соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд «Соли гулкорӣ ва ободкорӣ» эълон шудааст. Бинобар он бояд воситаҳои рекламавӣ ба талаботҳои имрузаи шаҳрдорӣ мувофиқ бошанд.Дар баробари ин намуди зоҳирӣ ва шакли воситаҳои рекламавӣ бо шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мувофиқа карда шавад.