31 Декабр 2013
Чун ҳамасола дар назди арчаи асосии Хуҷанд, дар майдони ба номи Камоли Хуҷандӣ, рӯзи охирони соли рафтаистода, сокинону меҳмонони зиёди маркази вилоятро ҷамъ намуд. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияити давлатии шаҳри Хуҷанд, консерт-намоиши адабӣ-мусиқии калони солинавӣ баргузор гашт. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов барои табрикоти солинавии ҳозирон ва сокинони шаҳри Хуҷанд, ба чорабинии мазкур ташриф овард.
Дар табрикоти солинавии худ Раҷаббой Каримов доири дастовардҳои соли 2013 ҳарф зада, изҳор намуд, ки «Соли 2013 дар хотири мардуми Хуҷандшаҳр ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст.Ҳамчунин Соли нави 2014–ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созандаи
Ҳукумати Ҷумҳурӣ истиқбол мегирем. Бо қаноатмандӣ таъкид менамоям, ки соли 2013–уми мелодӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон соли бобарор ва пурфайзу бобаракат буд.
Мехоҳам хотирнишон созам, ки дар ин сол тоҷикон сарвари худ Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба мансаби пурифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Мо бояд дар соли нави мелодӣ, ки соли ҷашни 20 – солагии Рӯзи қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва солҳои минбаъда низ ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.
Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!»
Лозим ба ёдоварист, ки чорабиниҳои солинавии шаҳри Хуҷанд аз санаи 15 декабр дар мавзеи номбурда, шуруъ шуда буд. Имсол низ тибқи Низомнома озмуни «Беҳтарин барномаи солинавӣ», байни таълимгоҳҳои олию миёнаи махсус, эълон шуда буд.
Ҳамаруза дар назди арчаи солинавӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва олии шаҳри Хуҷанд бо барномаҳои рангини солинавӣ баромад намуданд. Ҳамзамон, барномаи солинавии онҳо аз ҷониби комиссияи босалоҳияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳогузорӣ гашта, ғолибон муайян карда шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ҳамаи иштирокчиёни ин озмунро сипосмандӣ намуда, ба иштирокдорон ва ғолибони озмун, туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Барои иштирок ва барномаи солинавии ҷолиб, ба Колеҷи педагогии шаҳри Хуҷанд, Колеҷи санъат ба номи Содирхон Ҳофиз, Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ба номи академик М Осимӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуда, ҷойи сеюм насиби Колеҷи тиббӣ,ҷойи дуюмро Донишгоҳи давлатии тиҷорат ва савдои Тоҷикистон ишғол намуд. Ғолиби озмуни «Беҳтарин барномаи солинавӣ», Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров созовор дониста шуд.
Намоиши солинавии шаҳри Хуҷанд хубу хотирмон баргузор гашт.