30 Декабр 2013
Дируз бо иштироки Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов сохтмони бинои нави мактаб дар маҳаллаи 28-ум оғоз гардид. Ин мактаб барои 640 нафар пешбинӣ шуда, бо тамоми шароиташ то охири соли 2014 мавриди истифода қарор дода хохад шуд.
Бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов, муовини Раиси вилоят Раъно Бобоҷонва, сохтмони бинои мактаби хусусии Пулотов огоз гашт. Он дар майдони ду гектар бунёд шуда,барои сохтмони он 10 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Раҷаббой Каримов изҳор дошт, ки мавриди истифода қарор додани чунин мактабҳо барои дар сатҳи зарурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас ва дониши хуби онҳо мусоидат хоҳад намуд.Раъно Бобоҷонва муовини Раиси вилояти Суғд гуфт, ки агар аз як тараф бунёди чунин мактабҳо имконияти хубе барои таълими хонандагон фароҳам орад, аз ҷониби дигар ин ҷойи корӣ барои омузгорон аст.
Мактаби мазкур мутобиқ ба лоиҳа дорои синфхонаҳои барҳаво, ҳавзи шиноварӣ , варзишгоҳ, толори варзишӣ ва ошхона мебошад. Сарвари мактаб Пулот Пулотов, иброз дошт, ки боз бунёди як боғчаву колеҷ дар назар аст.