26 Декабр 2013
Дар мактаб парваришгохи ёрирасони махсуси шахри Хуҷанд бо иштироки Раиси шахри Хуҷанд Раҷаббой Каримов чорабинии солинавӣ баргузор гардид.Раиси шаҳри Хуҷанд ва ҳайати ҳамроҳонашро иштирокдорони тантанаи солинавӣ бо руҳияи идона гарму самимӣ истиқбол намуданд. Дар мактаб парваришгох 210 нафар кудакони имконияташон махдуд тарбият мегиранд.
Барои таълиму тарбияи онҳо 80 нафар кормандон фаъолият мебаранд,ки аз онхо 60 нафарашон омузгор мебошанд. Раиси шаҳри Хуҷанд кулли тарбиятгирандагон, омузгорон ва волидайни онҳоро бо соли нав табрик намуда, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои солинавӣ такдим намуд. Дар суханронии худ Раҷаббой Каримов ба омӯзгорон, ки дар таълиму тарбияи кудакону наврасони имконияташон маҳдуд саҳми назаррас доранд, таъкид намуд, то ҳар як тарбиятгирандаи таълимгоҳи мазкур танҳоии худро эҳсос нанамоянд.Лозим ба ёдоварист,ки дар ин мактаб-парваришгоҳи ёрирасон кудакону наврасони то 18 солаи имконияташон маҳдуд ба таълим ва парасторӣ фаро гирифта шудаанд.
Имруз дар 6 муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд бо кумаки ташкилоту муассисаҳои сарпараст чунин чорабиниҳо баргузор гаштанд.