26 Декабр 2013
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов субҳи имруз 12 нафар собиқадорони меҳнат,шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷандро қабул намуда ,бо онҳо мулоқоти самимӣ анҷом дод. Раиси шаҳри Хуҷанд доири дастовардҳои маркази вилоят ҳарф зада, таъкид намуд,ки дар соли рафтаистода ба ҳаҷми 410 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда, 158 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардиданд.
Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ руз аз руз вусъат мегирад. Эълон шудани соли 2014 соли «Роҳҳои обод» бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ имкон медиҳад,ки корҳои ободии роҳҳо идома дода шаванд. Ҳамзамон соли ояндаро Мақомотииҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, соли «Гулкорӣ ва ободкорӣ» эълон намудааст.То имруз 20 ҳазор гули лола парвариш ёфта истодааст. То интиҳои мавсими гулкорӣ бошад дар шаҳри Хуҷанд 1 миллион дона гулу гулбуттаҳо шинонда мешаванд. Ба истиқболи соли нав бошад наздик 4 ҳазор шахсони ниёзманд аёдат карда шуда аз кумакҳои якдафъаинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шахсони саховатманд, ташкилоту муассисаҳои тиҷоратӣ баҳраманд шуданд. Имсол тибқи қарори комиссияи манзил 1300 нафар шахсони эҳтиёҷманд соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд. Бо мақсади дастгирии вазъи иҷтимоӣ аз оғози сол то имруз дар се мавзеи шаҳр 38 маротиба намоиш-фуруши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.
Соли оянда низ ба фаъолият шуруъ намудани 20 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум корҳои зиёде ба нақша гирифта шудаанд.
Собиқадори меҳнат Саидҷон Марофиев барои эътибори доимӣ ғамхорӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳори сипос намуда зикр намуд, ки онҳо баҳри тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарварӣ эҳтироми арзишҳои миллӣ, тарғиби ҳамаҷонибаи меъёрҳои Қонун дар бораи масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд, саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Ба ҳамаи иштирокдорон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.