26 Декабр 2013
Ҳар яки Шуморо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо фаро расидани соли нави мелодии 2014 самимона табрику муборакбод мегӯям.
Соли 2013 дар хотири мардуми Хуҷандшаҳр ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст. Ҳамчунин Соли нави 2014–ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созандаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ истиқбол мегирем.
Бо қаноатмандӣ таъкид менамоям, ки соли 2013–уми мелодӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон соли бобарор ва пурфайзу бобаракат буд.Мехоҳам хотирнишон созам, ки дар ин сол тоҷикон сарвари худ Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба мансаби пурифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Мо бояд дар соли нави мелодӣ, ки соли ҷашни 20 – солагии Рӯзи қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва солҳои минбаъда низ ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.
Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!
Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Хуҷандро бо фарорасии соли нави 2014-уми мелодӣ, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.
Бигзор Соли нав ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ файзу баракат ва нусратҳои нав оварад.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамшаҳриёни азиз!